ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Артиши Амрико дар бораи бархӯрди ҷангандаи русии "SU-27" бо ҳавопаймои бесарнишини амрикоии "MQ-9 Reaper" фазои баҳри Сиёҳ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои бесарнишин пас аз бархӯрд ба обҳои байналмилалӣ афтодааст.
Бино ба изҳороти Кохи сафед, пеш аз сарнагунсозӣ ҳавопаймои "SU-27" манёврҳои "хатарнок" анҷом дода буд.
Ҷониби ИМА иддао дорад, ки ҳавопаймои бесарнишин дар ҳарими ҳавоии байналмилалӣ дар минтақаи Баҳри Сиёҳ "амалиёти маъмулӣ" анҷом медод ва ин ҳодиса ба "садама ва талафот"-и он мунҷар шудааст.
Кохи Сафед эълом кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора хабардор шудааст. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки вазорати умури хориҷа тасмим дорад, дар ин замина бо Русия тамос бигирад.
Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози стратегии Кохи сафед гуфтааст, ки "боздошт"-и ҳавопаймоҳои Амрико ва Русия кам нест, аммо ҳодисаи ахир "хатарнок" буд.
Ӯ таъкид кардааст, ки сарфи назар аз ҳодисаи ахир ИМА парвозҳоро дар болои баҳри Сиёҳ идома хоҳад дод.
"Мо як сол аст, ки дар ин фазои ҳавоӣ парвоз мекунем, ин корро идома медиҳем ва барои парвоз дар обҳои байналмилалӣ ба тасдиқи Русия ниёз надорем",- гуфтааст, Кирби ба хабарнигорон.
Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Вошингтон Анатолий Антонов пас аз ин рухдод фаъолиятҳои низомии ИМА дар наздикии марзҳои Русияро ғайриқобили қабул номид.
"Фаъолияти ғайриқобили қабули низомиёни амрикоӣ дар наздикии марзҳои мо нигаронкунанда аст. Мо хуб медонем, ки чунин мошинҳои бидуни сарнишини иктишофӣ ва зарбазан бо кадов ҳадаф истифода мешаванд", - омадааст дар изҳороти раиси намояндагии дипломатӣ.
Антонов низ ин ҳодисаро иғво номид.
Вазорати дифои Русия бошад мегӯяд, ки паҳбоди амрикоӣ дар минтақае сарнагун шуд, ки барои парвоз муваққатан манъ аст.