ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Аз мактуби вазири фарҳанги Англия (исми ӯ Люси Фрейзер) ба унвони сарпарастони асосии Олимпиадаи дар Порис баргузормешуда фиристода маълум мегардад, ки хонум-вазир медонад, ки “дар Русия ва Белорус варзиш ва сиёсат-ба ҳам зич пайвастааст,” ва ӯ, Люси Фрейзер, “қарори қатъӣ дорад, ки ба режими Русия ва Белорус иҷозат намедиҳад, ки варзишро бо мақсадҳои таблиғотии худ истифода баранд”.
Ин ҷо баланд қоҳ-қоҳ задан мумкин, зеро расо 43 сол пеш ҳукумати Англия, ки худ варзишу сиёсатро ба ҳам печонида буд, ба шаҳрвандони ин кишвар иштирок дар “Олимпиада-80”-ро, ки дар Москва баргузор гардид, манъ намуд.
Лондон ва Вашингтон (бо ҳам ҷӯр кор мекунанд ва барои ҳамин ҳайаташонро дигар намекунанд), аз он ба ғазаб омада буданд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади ҳифзи сарҳадҳои ҷанубии худ нерӯҳои низомиашро ба Афғонистон даровард.
Фарёдашон оламгир буд, ҳарчанд инглисҳо дар Афғонистон даҳҳо сол тохтутозу ғоратгарӣ доштанд ва эшонро аз он ҷо ҳуштаккашон сур карданд. Амрикоиҳо низ аз Афғонистон фирор намуданд. Лек дар замони дигар. Ба маънои томаш, пеши назари ҳамагон.
Кумати байналхалқии олимпӣ дар ҳолати ногувор монд ва роҳбарияташ сари он андеша дорад,ки чӣ кор кунад, ки “ҳам лаъл ба даст ораду ҳам ёр наранҷад”.
Мақоми бетарафи варзишгарон ба кор андохта шуд. Лекин,имрӯз ниҳоят гуфтан мумкин,ки вазъияти “варзишгарони бетараф”дар умум, дар Бозиҳои олимпӣ хело нобоб асту ҳеҷ кас ба онҳо ҳасад намебарад. Онҳо аз ҳуқуқҳои доштани сару либоси варзишӣ бо нишонҳои миллӣ, аз доштани парчами миллӣ ва аз суруди миллӣ (дар сурати ғолибият) маҳруманд. Дурусттар гӯем, онҳо ятиманд. Одамони бе Ватан. Ва боз бе ватан ҳам.
Зеро ба люси фрейзерҳои бешумор маъқул аст ё маъқул нест, олимпичиён, вақте ба варзишгоҳ мебароянд, зебогии симову мушакҳои таранги худро не, балки, аз он ҷумла, миллатро, халқро муаррифӣ менамоянд. Фарҳангро. Анъанаҳоро. Таърих, яъне, мақсадҳои олиро.
Сиёсатро не. Дар он шакле, ки дар Ғарб мефаҳманд-қаллобона, бо ғиромӣ.
Фрейзер,чуноне, ки худи ӯ андеша дорад,бо муроҷиати бевоситааш ба big bosses ё худ сардорони калон, чун дар шоҳмот “гашти асп”-ро намуд. Инҳо-сарони ҳаргуна ширкатҳо ба монанди Coca-Cola, Intel, Samsung, Visa.
Ба ин роҳбарон маъқул,ки рамзҳои ширкатҳояшон дар манзари варзишгарони зебову пуррагу пай ба чашм намоён бошанд. Ба андешаи хонум Фрейзер, на ин ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, балки big bosses метавонанд ва бояд ба варзишгарони русиягиву белорусӣ фишор орад, то барояшон роҳ ба Олимпиадаи Порисро умуман банданд.
Ин лаҳзаҳо бошад, дар пойтахти Франсия омодагиҳо ба кушодашавии ботантана ва баргузории чорабинии асосии варзишӣ босуръат идома доранд. Дар оғоз покизакорон корпартоӣ намуданд. Ва имрӯз Париж пури кӯҳи партов асту лашкари каломушҳо тӯй доранд.
Макрон, кадоме, ки савганд хӯрда буд, ки калисои аз сӯхтор осебдидаи католикҳои православӣ Нотр-Дамро то оғози олимпиада албатта барқарор мекунанд, имрӯз дурӯғи навбатӣ мегӯяд: хабар дода шудааст, ки ин муқаддасот- ёдгории фарҳангии аҳамияти ҷаҳониро фақат то охири соли оянда барқарор менамоянд.
Тамошобинон - меҳмонони олимпиада - чӣ гуна дар шаҳр аз ҷое ба ҷое мераванд,ин ҳам муаммост, зеро ҳам метро ва ҳам нақлиёти заминӣ дар Порис ба таври зарурӣ фаъолият надоранд. Муаммои аз ин ҳам калонтар-барои таъмир баста будани варшзишгоҳ: он ҷой чӣ мегузарад, касе хабар намедиҳад. Оё фусрсат меёбанд, ки Stade de France-ро бо дараҷаи лозима то чорабинӣ ба тартиб оранд,номаълум аст.
Бо танаффусҳои нисфирӯзӣ, бо рухсатиҳои дуру дароз, бо ҳамлу нақли номураттаби масолеҳи сохтмонӣ, бо қимат будани қувваи барқ - бо ин ҳама кам хоҳишмандон ёфт мешаванд, ки дар ин сохтмон кор кунанд ва ин ҳам, бешубҳа, табиист.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ солёни зиёд аст ба қавле, барраеро мемонад,ки чанд мешро мемакад. Ва, албатта мехоҳад, ки варзишгарони русиягиву белорусиро дар он намудҳои варзише,ки ҳини пахши мусобиқот тамошобинони аз ҳама зиёдро гирд меоранд, ба Олимпиада таклиф намояд.
Лек, барои ин орзуяш шуда, наметавонад бо британиягиҳо ва ёрони онҳо муносибаташро вайрон созад. Бинобар ин,яқин меравад, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба он қароре тобеъ мегардад, ки аз ҷониба дастаи сармоягузорон-калони калонҳо – қабул карда мешавад.
Лек ин ҷо, аллакай, масъалаи интихоби мо ба миён меояд. Мо ба хубӣ мефаҳмем, ки арзишҳо ва ғояҳои варзиши калон, аз худ гузаштанҳо, маҳрумиятҳо, ироддаи қавӣ ба ғолибият доштанҳо, хуну арақи ҷабин ба ин хотир рехтанҳо - ин ҳама аллакай ба партов партофта шуданд, бигузор он фаронсавӣ ҳам бошад ва онҳоро он каломушҳои порисӣ хоиданду фурӯ бурданд.
Шояд сари он месазад андеша созем, ки оё меарзад ба ҷое равем, ки он ҷо (ҳини ғалаба) на парчами русиягиву на на суруди миллӣ мешавад, ба ҷое, ки мо ба ҳамеша “русҳои шубҳанок” боқӣ мемонем? Шояд, беҳтараш дар хона монем? Ва ташкилкунандагону иштирокдорони олимпиадаро гузорем, то машғули намуди варзиши дӯстдоштаашон - пойгаи мушон бошанд.