Раҳбари толибҳо: Омодаи ҷиҳод берун аз Афғонистон бошед

Дар нишасти Қандаҳор раҳбари толибҳо мулло Ҳибатуллоҳ бо руасои манобеъи башарӣ масъалаи ҷиҳод берун марзӣ шиддат матраҳ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар нишаст Ҳибатуллоҳ бо руасои манобеи башарии ниҳодҳои таҳти контроли толибҳо мавзуи ҷанги фаромарзӣ таъкид шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бахш аз ин гузориш, ки ба як рӯзномаи хусӯсӣ расидааст нишон медиҳад, ки Ҳибутуллоҳ фармонони худро барои густариши ҷанги фаромарзӣ ташвиқ мекунад.
Ба гуфта ӯ, ҷангҷӯёни толибҳо бояд зираҳояшонро бар тан кунанд ва барои ҳоким кардани шариат дар саросари ҷаҳон омода шаванд.
Ӯ таъкид кард, ки рӯзе аъзои толибҳоро ба дигар нуқоти ҷаҳон эъзом хоҳад кард.
Бар асоси ин аснод, дафтари раҳбари толибҳо бо ирсоли номае ба руасои манобеи башарии вазорати хонаҳо ва ниҳодҳои мустақили идории таҳти контроли ин гурӯҳ, хостори ташкили як нишаст дар вилояти Қандаҳори ин кишвар шудааст.
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Ҳибатуллоҳ дар бахше аз суханон худ гуфта, "инак ки ба шаҳрҳо омадаед мардуми шаҳрҳоро ҳам ба дини Аллоҳи мутаъол фаро хонда ва ононро то ҷое бо дин ошно кунед, ки дар тамоми Афғонистон ҳатто як фарди ҳам мухолиф боқӣ намонад.
Вай гуфт, ҳама бояд таврии мусулмони воқеӣ ва мухлис шаванд ва шуморо он қадар ҳимоят кунанд то битавонед низоми исломиро дар тамоми ҷаҳон ҳоким созед.
Раҳбари гурӯҳи толибон дар идома афзуда аст, ки ҳар замоне ки ҳамаи мардуми Афғонистони омодаи ҷонфидоӣ барои дин шуданд, дар он сурат ҳар куҷо, ки амри эъзомро бароятон содир намудам, шумо бояд он ҷо бируед.
Вай идома додааст, ки агар воқеан хоҳони ҳокимияти дин ва шариат ҳастед пас омодаи қурбонӣ шавед ва зираро бапушед".
Бар асоси ин аснод, дар ин нишасти 32 тан аз руасои манобеи башарӣ ниҳодҳои зери контроли толибҳо ахиран аз ҷаласа ба гунаи расмӣ ва шахсе ба Қандаҳор фарохонда шуданд.