Коршинос: Осиёи Миёна ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил ёфтааст

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзоиши назарраси додугирифт ва сармоягузории мустақими хориҷиро нишон медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Осиёи Марказӣ ба бозори пуриқтидори бо ҳам алоқаманд ва ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил меёбад, гуфт муовини мудири Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов.
Вай дар ин бора зимни конфронси “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамсоягии нек, дастгирии ҳамдигар, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак”, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳори назар кард.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи оқои Неъматов, дар солҳои охир ҳаҷми умумии табодули коло кишварҳои Осиёи Марказӣ ду баробар афзуда, аз 200 млрд доллар гузашт ва воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба минтақа дар соли 2022 ба 40 млрд доллар расид.
"Бо вуҷуди ин, мо набояд аз дастовардҳои худ саргарм шавем, зарур аст, ки кори муштарак ба манфиъати таъмини субот ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад", - гуфт коршинос.
Вай афзуд, дар шароити феълии буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ кишварҳои минтақа бояд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо тамаркуз кунанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти ғизоӣ дар минтақаро баррасӣ карданд
Намояндаи Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон ҳамчунин ба зарурати амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷалби институтҳои дипломатияи мардумӣ ба муколамаи байни давлатҳо таваҷҷуҳ кард.
Барои ҳамин баргузории анҷуманҳои минтақавии байнипарлумонӣ, ҷавонон, шаҳрвандӣ ва занон бояд хусусияти устувор пайдо кунад.
Дар қатори ташаббусҳои дигари пешниҳодкардаи оқои Неъматов, ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ дар асоси платформаи инноватсионии рақамӣ мебошад.
"Дар баробари ин муҳим аст, ки минтақаро барои ҷаҳони беруна боз намоем, онро ҳамчун фазои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳифз кунем", - хулоса кард ӯ.