ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Гурҷистон бо даст кашидан аз қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ шонси соҳибихтиёриро аз даст дод, гуфт раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин.
"Лоиҳаи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ, ки дар порлумони Гурҷистон баррасӣ мешавад, барои Иёлоти Муттаҳида ғайри қобили қабул буд. Он нуфузи Вашингтонро ба ҳаёти сиёсии дохилии ин кишвар маҳдуд кард", — навиштааст ӯ дар Telegram-каналаш.
Ба гуфтаи вай, бо лағви ин қонун аз баррасӣ дар порлумон Гурҷистон шонси соҳибихтиёриро аз даст додааст.
Володин ҳамчунин бар ин назар аст, ки "Вашингтон мардумро бо истифода аз "фишанги нерӯи нарм" ба кӯчаҳо баровард.
Ӯ мегӯяд, танҳо ИМА метавонад мустақилона тасмим бигирад, дар ҳоле ки ҳама кишварҳои дигар бояд тибқи қоидаҳои Вашингтон вуҷуд дошта бошанд ва аз ин рӯ, ҳар давлате, ки бо он розӣ нест, бо хатари инқилоби ранга посух хоҳад гирифт.
Маҳс вай самаранокии худро дар ноил шудан ба ҳадафҳои таъсир нишон дод. Тавассути он дар як қатор мамлакатҳо инқилобҳо ба амал омада, ҳокимияти аз руи қонун интихобшуда сарнагун ва режимҳои лухтакмонанд таъин карда шуданд.
"Ҳар як кишвар барои истиқлол талош мекунад. Танҳо давлатҳои соҳибихтиёр оянда доранд. Инро ҳама дарк мекунанд, аммо ками онҳо тавонистаанд аз ҳуқуқи худ истифода кунанд", - таъкид кард Володин.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки дар сурати тасвиби қонуни дахлдор Гурҷистон ҳақ дорад маблағҳоеро, ки аз хориҷ ба кишвар ворид мешавад ва барои сарпарастии аҳзоби сиёсӣ меравад, назорат кунад.
Володин бар ин бовар аст, ки шаҳрвандони Гурҷистон худашон бояд ба тасмимҳои дар соҳаҳои мухталиф қабулшуда таъсир расонанд. Аз интихобот ба ниҳодзҳои давлатӣ cap карда, то иҷрои лоиҳаҳои тараққиёти мамлакат.
Ёдовар мешавем, ки 7 марти соли 2023 порлумони Гурҷистон лоиҳаи қонун дар бораи таъсиси феҳристи афроди "таҳти таъсири хориҷӣ"-ро дар қироати аввал қабул кард.
Пас аз он ки намояндагони аксарияти парлумонӣ хабар доданд, ки лоиҳаи қонун аз баррасӣ бозпас гирифта шуд, тазоҳуроти оммавӣ дар Тифлис оғоз шуд, ки нерӯҳои амниятӣ онҳоро пароканда карданд.