Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ниёз ба чораандешии СААД нест: Душанбе гуфт, масъалаи марз бо Бишкекро худ ҳал мекунанд

Тоҷикистон бо таъкиди пешрафтҳои мусбат дар масоили марзӣ бо Қирғизистон изҳор дошт, ки зарурат ба чораандешиҳои бисёрҷониба, аз ҷумла дар сатҳи СААД нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Муайянсозию аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар баррасӣ мешаванд.
Ин нуктаро Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия таъкид карда, афзудааст, ки бо назардошти пешравиҳои ахир дар ин самт, зарурати тадбирҳои иловагии бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи СААД вуҷуд надорад.
Манбаъ ҳамчунин аз натоиҷи нишасти сарони воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии вазоратҳои дифои кишварҳои узви СААД дар шаҳри Минск Беларус зикр карда, афзудаст, ки ҳайати Тоҷикистон низ дар он иштирок дошт.
Дар робита ба ин, Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати дифои Тоҷикистон, изҳор дошт, ки дар нишаст ҷониби Беларус дар бораи самтҳои афзалиятноки раёсати худ дар СААД дар соли 2023 маълумот дод.
Сироҷиддин Муҳриддин натиҷаи созишҳои марзӣ бо Қирғизистонро эълон кард
Бояд тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби мулоқот масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистон матраҳ нашудааст. Гузашта аз ин, қабули ибтикоре барои Шӯрои вазирони дифои СААД, дар бораи рафъи ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат нагирифтааст, таъкид намуданд мақомоти тоҷик.
Қаблан ҷониби Белорус аз натиҷаи ин нишаст дар Минск хабар дода буд, ки рафъи танишҳо дар доираи созмон аз мавзӯъҳои аслии нишасти сарони воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии Нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узв буд.
Аз қавли намояндаи Беларус Валерий Ревенко, расонаҳо хабар дода буданд, ки барои роҳбарони вазоратҳои дифоъ барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия шудаанд.
Даъвати Лукашенко аз кишварҳои СААД: баҳси марзро хотима диҳему муттаҳид шавем
Қаблан Бишкек ва Душанбе якдилона азмашонро баён доштанд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо кунад.
Ҳамин тариқ ба ҳолати аввали соли равон, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аллакай 626 километр шудааст, ҳудуди 63%-и дарозии умумии сарҳадро ташкил медиҳад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст.