Тими "Равшан"-и Кӯлоб дар марҳилаи зарбаҳои 11-метрӣ бар дастаи "Панҷшер" ғолиб омада, барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2023 шуд.
Ин сабқат бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи тими Кӯлоб анҷомида, бозигарони он ҷоиза дар ҳаҷми 20 ҳазор сомониро аз дасти раиси Ҳисор, Қосим Раҳбар гирифтанд.
Барандаи медали тилои мусобиқа КМВА-и Душанбе таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ бар "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Голҳои Хуршед Абдуллоев ва Сӯҳроб Каримов ба бошгоҳи артиш пирӯзӣ оварданд, иттилоъ дод ФФТ.
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуданд.
Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари КМВА беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 дониста шуд.
Ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи КМВА ҳамзамон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва барандаи ҷои дуюм "Регар-ТадАЗ" бо 30 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.