ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сарпарасти вазорати санот тиҷорати ҳукумати толибҳо Нуриддин Азизӣ аз ташкили консорсиуми муштарак бо ширкатҳои русӣ, эронӣ ва покистонӣ хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ба гуфтаи вай ҳукумати толибҳо бо ширкатҳои хориҷии тафоҳумномае имзо кардааст ва ин ширкатҳо намояндагонашонро барои иктишофи пружаҳои то сақфи як миллиард доллар ба кобул мефиристанд.
“Дар ин консорсиюм 14 тоҷири Афғонистон низ ҳузур доранд ки бештар рӯй масъалаи энержӣ, маъдан ва зерсохтҳо тамаркуз хоҳад кард”, - Нуриддин Азизӣ.
Сарпарасти вазорати саноат ва тиҷорати ҳукумати толибҳо эълом кард, ки консорсиум эҷодшуда илова бар пружаҳои энержӣ ва маъдан, имкони сохт тунели дувум дар Солн, бозсозии шоҳроҳи Кобул – Ҳирот ва пружаи интиқоли об аз вилояти Панҷшер ба Кобулро низ дар назар дорад.
Азизӣ гуфт, ки ҳукумати толибҳо бар роҳандозии чандин тарҳи тиҷории баландмуддат аз ҷумлаи консорсиюм ва манотиқи вижаи иқтисодии мутамарказ шудааст ва рӯй тазмини амнияти он низ кор мекунад.