Амалиёти вижа, Ғарб, Донбасс, иқтисод ва пешрафт: Нуқоти муҳими паёми Путин ба парлумон

Владимир Путин паёми солонаашро ба Маҷлиси Федералӣ ироа кард, ки дар он ба муҳимтарин масоил, аз ҷумла амалиёти вижа, иқтисод, иҷтимоъ аҳамияти хос дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ паёми солонаашро ироа кард.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Вай дар суханронии худ ба мавзӯи амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина аҳамияти хос дод.
Владимир Путин дар бораи амалиёти вижа дар Украина гуфт, ки мо қадам ба қадам, бодиққат ва пайгирона аҳдофи дар пеш гузоштаро анҷом хоҳем дод.
"Як сол пеш бо мақсади ҳифзи одамон дар сарзаминҳои таърихии мо, таъмини амнияти кишварамон, аз байн бурдани таҳдиде, ки аз ҷониби режими неонатсистӣ, ки пас аз табаддулоти соли 2014 дар Украина ба вуҷуд омада буд, амалиёти вижа оғоз шуд. Мо қадам ба қадам, бодиққат ва вазифаҳоеро, ки дар назди мо истодаанд, пайваста ҳал хоҳем кард”, - гуфт кишвардори Русия.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни ироаи паёмаш илова кард, Маскав барои ҳалли мушкили Донбасс ҳама коре, ки аз дасташ меомад анҷом дод.
Путин: Русия қадам ба қадам ҳадафҳояшро дар амалиёти вижа анҷом хоҳад дод
"Мо ҳама корро кардем ва воқеан ҳамаи имкониятҳоеро, ки ин мушкилро метавонист бо роҳи сулҳ ҳал кунад, анҷом додем. Мо босаброна дар бораи бо роҳи сулҳ анҷом додани ин даргири гуфтушунидҳои душвор кардем. Аммо аз паси мо нақшаҳои комилан дигар омода мешуд", - гуфт Путин.

Иқтисоду иҷтимоъ

Ҳамзамон раисҷумҳури Русия дар паёмаш вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварашро баъд аз оғози амалиёти вижа ва таҳриму маҳдудиятҳои кишварҳои Ғарб хуб арзёбӣ кард.
Раисиҷумҳури Русия гуфт, ки иқтисод ва ҳукумат дар Русия назар ба интизори Ғарб хеле қавӣ аст.
Ба таъкиди ӯ, кишвараш ба як давраи нави рушди иқтисодӣ ворид мешавад, тамоми имконот барои пешрафт дар бисёр соҳаҳо вуҷуд дорад.
Саҳми рубл дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷорати хориҷии Русия дар як соли ахир ду баробар афзоиш ёфт, гуфт Владимир Путин дар паёмаш ба Маҷлиси федералӣ.
Вай таъкид намуд, ки сеяки тиҷорати хориҷӣ бо рубл сурат мегирифтааст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки назардошти асъори кишварҳои дӯст - беш аз нисфи тиҷорати хориҷӣ бо пулҳои миллӣ амалӣ гардид, гуфт Путин.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: на дар майдони ҷанг, на дар ҷабҳаи иттилоотию иқтисодӣ бар Русия пирӯз намешаванд
"Ҳиссаи рубли русӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалии мо дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2021 ду баробар афзоиш ёфта, сеякро ташкил дод. Ва дар якҷоягӣ бо асъори кишварҳои дӯст, ин аллакай аз нисфи зиёд аст", - гуфт ӯ.
Путин зимни суханронии худ ба Маҷлиси федеролӣ гуфт, ин Русия нест, ки ҳисоббаробаркуниро бо доллар кам мекунад, балки Ғарб ҳама корро бо дасти худ анҷом дода истодааст.
"Мо якҷоя бо шарикон дар ташкили системаи устувор ва бехатари ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, новобаста аз доллар ва дигар асъорҳои захиравии Ғарб, ки аҳамияти умумибашарии худро аз даст медиҳанд, идома медиҳем", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин Путин гуфт, таваррум дар Русия то нимаи сол ба сатҳи ҳадафии 4% наздик мешавад ва дар ИА аллакай ба 12% ва бештар аз он расидааст.
Ба шарофати тавозуни қавии пардохтӣ, ба Русия аз хориҷ қарз гирифтан, таъзим кардан ва гадоӣ кардан лозим нест.
Вай таъкид кард, ки маскав ҳамкориро бо дӯстон рушд медиҳад, беҳтаринҳоро қабул мекунад, аммо ба иқтидори худ умед мебандад.

Дар бораи олигархҳову шахсиятҳои гурехта аз Русия

Раҳбари Русия дар паёмаш дар бораи нафароне, ки пас аз оғози амалиёти вижа Русияро тарк карданд изҳори назар кард.
Ҳеч яке аз мардумии одии Русия барои ҳамватанҳои дорояшон, ки ҳисобҳои бонкию қасру кушкҳояшонро дар Ғарб бастаанд, ғамгин нахоҳад шуд
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин гуфт, Русия барои бо роҳи сулҳ ҳал кардани масъалаи Донбасс тамоми чораҳоро андешид
Владимир Путин гуфт барои бархе аз афроди доро Русия ба манбаи даромаду кишварҳои ғарбӣ ба макони сарфи ин маблағҳо табдил ёфта буданд
Ӯ гуфт, ин гуруҳ ба хариди қасру кушкҳо киштиҳои боҳашамату дигар тафреҳот машғул гардиданд, ки давлат ҳам чизе карда натавонист.
"Ман ба шумо як чизи оддӣ мегӯям, ҳеҷ як аз шаҳрвандони қатории Русия барои онҳое, ки дар бонкҳои ғарбӣ пулашон дармондаст ё яхтаҳои худро аз даст додаанд, дилтанг намешавад", - изҳор дошт Путин.
Вай афзуд, мардум ҳамчунин раванди хусусисозиеро низ ёд хоҳанд овард, ки корхонаҳои як замон аз ҷониби тамоми мамлакат бунёдгардида бо нархи ночиз аз худ карда мешуданд.
Путин гуфт, сарчашмаҳои некӯаҳволӣ ва оянда бояд танҳо дар ин ҷо - дар Русия бошанд.
Ӯ таъкид кард, ки ҳар сармояе, ки дар Русия ба даст оварда мешавад, бояд барои худи кишвар кор кунад.

Иштибоҳи Ғарб

Путин гуфт, Ғарб на дар умури низомӣ, на дар иттилоот ва на дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ чизе ба даст наовард ва нахоҳад овард.
Ғарб кушиш дошт кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро “оташ” занад
Раисҷумзури Русия дар паёмаш ба парлумон гуфт, ки Ғарб талош дошт кишварҳои пасошӯравиро "оташ" занад ва вазъи ин кишварҳоро ноором созад.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғарб мехост вазъи кишварҳои пасошӯравиро ноором кунад, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин.
"Муҳим он дар чист: дар тӯли тамоми солҳо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ғарб аз кӯшиши “оташ” задани давлатҳои пасошӯравиро даст накашид ва аз ҳама муҳим дар он аст, ки ниҳоят Русияро, ки ҳамчун қисми бузургтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ҳифз шудааст ,нобуд кунанд", - гуфт Путин зимни паёмаш ба Маҷлиси федералӣ.
Путин илова кард, ки ҳадафи Ғарб ин аст, ки русиягиҳо азоб кашанд - ҳамин гуна "гуманистанд".

Озмоиши силоҳи ҳастаӣ

Раисҷумҳури Русия дар паёми ахираш ба вазорати дифои кишвараш ва “Росатом” дастур дод, ки ба озмоишҳои силоҳи ҳастаӣ омода бошанд
Вай илова кард, ки озмоишҳои силоҳи ҳастаии Русия танҳо баъд аз озмоишҳои ИМА сурт мегирад.
“Агар Иёлоти Муттаҳида ин корро аввал анҷом диҳад, мо ҳам бояд барои озмоиш омода бошем”, -қайд кард раҳбари Русия.
Вай афзд, ки Русия дар бораи нақшаҳои Ғарб иттилои дақиқи дорад.
Дастури Путин ба вазорати дифоъ ва “Росатом”: ба озмоишҳои силоҳи ҳастаи омода бошед
“Баъзе шахсиятҳо аз Вашингтон, мо онҳоро аниқ медонем, аллакай дар бораи имкони озмоишҳои силоҳи ҳастаии худ фикр мекунанд, аз ҷумла бо дарназардошти он, ки Иёлоти Муттаҳида навъҳои нави силоҳи ҳастаӣ таҳия кардааст. Чунин маълумот вуҷуд дорад ", - гуфт Путин.
Путин илова кард, ки дар ин вазъият вазорати дифоъи Русия ва "Росатом" бояд омодагии худро барои озмоиши силоҳи ҳастаии Русия бигиранд.
“Албатта, мо аввалин шуда ин корро анҷом намедиҳем, аммо агар Иёлоти Муттаҳида озмоише анҷом диҳад, мо ҳам онро озмоиш хоҳем кард", - гуфт кишвардори Русия.
Ҳамзамон Владимр Путин илова кард, ки Русия фаъолияташро мутобиқи паймони коҳиши таслиҳоти ҳастаии дуҷониба миёни ИМА ва Русияро муваққатан қатъ менамояд.

Ҷанги Ғарб зидди Русия

Владимир Путин дар паёмаш гуфт, Ғарб бар зидди мо ҷабҳаи низомӣ, иттилоотӣ ва иқтисодӣ боз кардааст, аммо дар ҳеҷ куҷо ба чизе ноил нашудааст ва нахоҳад шуд.
Вай гуфт, дар майдони ҷанг Русияро мағлуб кардан ғайриимкон аст, аз ин рӯ онҳо ҳамлаҳои иттилоотӣ мекунанд"
“Мо медонем, ки Ғарб бевосита дар задани зарбаҳо ба пойгоҳҳои ҳавоии стратегии мо даст дорад, паҳподҳое, ки Украина истифода мекард, бо кумаки мутахассисони НАТО навсозӣ шудаанд”, - гуфт ӯ.
Путин: Дар Русия пул кор мекарданду дар Ғарб сарф менамуданд
Путин таъкид кард, ки масъулияти афзоиши теъдоди қурбониён дар Украина дар гардани Ғарб ва элитаи Украина аст
Кишвардори Русия афзуд, Маскав барои муколамаи созанда бо Ғарб омода буд ва пешниҳод кард, ки дар тӯли солҳои тӯлонӣ дар болои системаи муштараки амниятӣ кор кунад.
“Дар баробари ин, Ғарб Украинаи ғуломиро ба ҷанги бузург омода мекард ва имрӯз ҳам эътироф мекунад”,- гуфт ӯ.
Путин ҳамчунин дар бораи рафтори Ғарб: ҳеҷ кас дар ҷаҳон фаромӯш накардааст, ки Ғарб "ҷинро аз шиша берун кард"
“Дар натиҷаи ҷангҳое, ки Иёлоти Муттаҳида аз соли 2001 инҷониб оғоз кардааст, қариб 900 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 38 миллион нафар гуреза шудаанд”, - қайд кард кишв