ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Аз нуқтаи гӯштфурӯшии як шаҳрванд беш аз 2,2 тон гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардида, аз муомилот гирифта шуд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат хабар додаст.
Таъкид шудааст, ки мавод барои чораандешӣ нисбат ба шаҳрванд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардидаст. Назари худи фурӯшанда дар бораи ин иттиҳом маълум нест.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷумла наздики 1 тон гӯшти мурғ, беш аз 1 тон ҷигари мурғ мусодира гардидааст.
Масъулин мегӯянд, муайян шудааст, ки маҳсулоти мазкур дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис он, ҳамчун маҳсулоти хатарнок барои ҷомеа муайян гардид, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки маблағи умумии гӯшти мусодирашуда наздики 56 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар маҷмуъ иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳр фаъолияти 8 нуқтаи гӯштфурӯшии Бозори марказии шаҳри Ваҳдат бо сабаби ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани онҳо мутаваққиф кардаанду, соҳибонашон ба маблағи 1700 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Дар умум тайи як соли охир барои нақзи қоидаҳои санитарӣ нисбат ба 45 нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи умумии 25,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.