Муҷоҳид: Ҳич ихтилофе миёни сарони толибон вуҷуд надорад

Сухангӯии толибҳо вуҷуди ихтилофот миёни сарони ин гурӯҳро рад кард ва гуфт душманон дар ҷустуҷӯии нифоқ миёни бузургон ҳастанд ва орзӯашонро ба гӯр хоҳанд бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ин ормон ба гӯр барда хоҳад шуд то миёни раҳбарони толибон, ихтилофе эҷод шавад, гуфт дар мусоҳибаи телевизионӣ сухангӯи гурӯҳи толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Суханрониҳои интиқодомизи ахири вазири дохила, муовини идории раиси ҳукумат ва низ вазири дифои толибҳо вокунишҳои зиёдиро дар пай доштааст.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ, Абдусалом Ҳанафӣ ва мулло Ёқуб Муҷоҳид ахиран дар суханони худ аз амалкарди гурӯҳи толибҳо дар яку ним соли ахир интиқод кардаанд.
Сухангӯии ҳукумати толибҳо ҳамчунин дар мусоҳиба бо расонаҳои хориҷӣ гуфт, ки ин гурӯҳи шароит ба расмияти шинохта шуданро ба таври комил фароҳам кардааст.
Путин: Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш меёбад
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид таъкид кардааст, ки “мавзуоти кучак набояд монеъ ба расмият шинохта шудани” ҳукумат толибон шавад.
Толибҳо дар августи соли 2021 бо сарнигунии ҳукумати пешини Афғонистон, ки аз ҳимояти ғарб бархурдор буд, бар саросари кишвар тасаллут ёфтанд.
Онон дар ин муддат маҳдудиятҳои шадиде барои озодиҳои фардӣ ва иҷтимои шаҳрвандон, ба вижаи занон вазъ карданд.
Толибҳо дар ҷараёни музокироти сулҳ бо ИМА дар Давҳа таъкид доштанд, ки ба озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқ занон пойбанданд аммо вақте ба ҳукумат расиданд, нахустин иқдомоти ҳукуматашон вазъи маҳдудият бар озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ буд.