Беҳтарин варзишгарон ва мураббӣ Тоҷикистон дар соли 2022 муайян ва қадрдонӣ шуданд

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ дар соли 2022 ва мураббиёни онҳо ба тариқи зайл мукофтонида шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар фазои тантанавӣ 35 нафар мураббиён ва варзишгарони комёбу муваффақи Тоҷикистон, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил шудаанд, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Варзишгарон бо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 6250 то 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷоизаи “Варзишгари беҳтарини сол”, “Мураббии беҳтарини сол”, “Мактаби варзишии беҳтарини сол”, “Беҳтарин федератсияи варзишии сол”, “Беҳтарин иншооти варзишии сол”, “Беҳтарин шаҳри варзишии сол”, “Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш” ва “Варзишгарнавраси умедбахш” дар соли 2022 эълон намуд.
Тавофуқи Назаров бо шоҳзодаи Саудӣ дар бахши варзиш
Беҳтаринҳо муайян гардида, дар маросими ҷамъбастии чорабинии имрӯза қадрдонӣ карда шуданд.
Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди олимпии варзиш дар соли 2022 дорандаи медали тиллои “Baku Grand Slam 2022” ва ғолиби ҷойи дуюми мусобиқаи байналмилалии ниҳоии “Master-2022”оид ба гӯштини ҷудо Темур Раҳимов гардид.
Варзишкор Темур Раҳимов – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё дар умури гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ ва ба мураббии ӯ — 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд.
Дорандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ беҳтарин варзишгар байни ҷавонон аз рӯи намуди олимпии варзиш дар соли 2022 эътироф карда шуд.
Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш дар соли 2022 Чемпиони ҷаҳон оид ба бокси касбӣ Шавкат Раҳимов дониста шуд.
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг Ясмина Ан-Нимр беҳтарин варзишгар байни бонувон дар соли 2022 гардид.
Ҷоизаи беҳтарин дастаи варзишӣ дар соли 2022 ба тими миллии футболи Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар соли 2022 дар рушди соҳа саҳми созгор гузоштанд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.