ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Варзишгари тоҷик Фаворис Музрапов дар давидан ба масофаи 60 метр рекорди миллӣ гузошт, хабар медиҳад sports.tj.
Музрапов дар давраи пешакии чемпионати X Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида натиҷаи бесобиқа нишон дод. Варзишгари точик масофаи 60 метрро дар 6,81 сония тай карда, якбора 2 рекорд — шахесӣ ва миллӣ гузошт.
Ба вуҷуди рекордгузорӣ ва баромадан ба нимфинал, варзишгари тоҷик натавонист ба даври финалӣ бирасад.
Қаблан варзишгарони Тоҷикистон, аз ҷумла Музрапов дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуд, 3 медали тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 9 давлат, аз ҷумла 15 нафар Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов иштирок дошта буданд.
Дар ин мусобиқа дар дав ба масофаи 200 метр миёни мардҳо, се ҷои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд.
Аз ҷумла Фаворис Музрапов бо натиҷаи 21.75 сония ҷои аввал, Илдар Аҳмадиев бо натиҷаи 21.97 сония ҷои дуюм ва Александр Пронженко бо натиҷаи 22.17 сония ҷои сеюмро соҳиб шуда буд.