Зӯрозмоии садрнишинҳои радабандии UFC, новобаста аз вазнҳо ҳодисаи меҳварии UFC 284 дар Австралия буд.
Ислом Махачев, варзишкори русиягӣ ва Алксандр Волкановскийи австралиягӣ 5 давр сабқат карданд, ки бар асоси баҳогузории доварон бо ҳисобҳои 48:47, 48:47, 49:46 ба фоидаи намояндаи Русия анҷом ёфт.
"Ин муборизаи хеле душвор буд. Ба ман як чолиш зарур буд, маро ба рушд водор месозад. Нишон додам, ки рақами як ҳастам", - гуфт Махачев пас аз мубориза.
Ӯ афзуд, ки баъди ин сабқат ҳамроҳ бо тимаш ҷараёни зӯрозмоиро таҳлил мекунаду сари иштибоҳҳо кор хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ размикори 31-солаи доғистонӣ аз октябри соли 2015 то ҳол шикастнопазир боқӣ мондааст. Ягона бохти Махачев аз Адриан Мартинси бразилиягӣ буд, ки дар даври аввал рух дод. Ӯ то ҳол 24 ғалаба дорад.
Унвони қаҳрамониро Ислом Махачев моҳи октябри соли гузашта ба даст оварда буд. Махачев дар он сабқат дар шаҳри Абу-Дабӣ дар даври дуюм бар размикори бразилиягӣ Чарлз Оливейро пирӯз омад.