Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон саҳми Бонки исломии рушд дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудаанд, баланд арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохурӣ аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудаанд, баланд арзёбӣ кард.
“Тарафҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд”,- таъкил кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон силсилаи лоиҳаҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 620 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Дастури Эмомалӣ Раҳмон ба КДАМ-у гумрук дар мавриди пиёз, картошка ва сабзӣ
Инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима шудаант.
“Мусоидат ба рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти соҳаи энергетика, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои дигари ҳамкории судманди ду ҷониб номида шуданд”,- илова кардааст манбаъ.