Муносибати муташанниҷ: Барои чӣ дар Тоҷикистон боз аз маҳдудиятҳои барқӣ мегӯянд

Зимистони соли равон аҳолии кишвар бо сардиҳои бесобиқа дар 15 соли охир рӯ ба рӯ шуд, ки дар пасманзари мушкилоти ширкати “Барқи тоҷик” бисёр эҳсоснок аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Сардиҳои хеле шадид қаламрави Точикистонро тарк карда бошад ҳам, мутаасифона манзили сокинон аз ин гармтар намешавад.
Бо оғози сармо раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати "Барқи тоҷик" дастур дод, ки маҳдудиятҳои барқӣ бардошта шавад.
Ширкати “Барқи тоҷик" ҳамон лаҳза дар бораи иҷрои дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ҳисобот дод, аммо истифодабарандагони одиро "навгониҳои" дигаре интизор буд – "Барқи тоҷик" эълон дошт, ки оғоз аз якуми феврал ба баъзе минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи ширкат, маҳдудият ба далели афзоиши талабот дар пасманзари сармоҳои ғайримуқаррарӣ ба нерӯи барқ ​​дар моҳи январ ҷорӣ шудааст - ба гуфтаи Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар масрафи шабонарӯзӣ дар рӯзҳои сардтарин ба ҳадди таърихӣ - 81 миллион кВт/соат расидааст.
"Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон расман эълон шуд: шарҳи “Барқи тоҷик”
Дар назар аст, ки маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ пас аз ба танзим даромадани реҷаи обу энергетикии дареи Вахш аз байн бурда мешаванд.
Аммото ин лаҳза, сокинон маҷбур шуданд, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ шаванд - нерӯи барқ ​​дар бисёр минтақаҳо ба шабака бо шиддати хеле паст аз меъёри муқаррарӣ дода мешуд. Гузашта аз ин, ҳатто маҳаллаҳо ва шаҳрҳои калон, набояд ба ин мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд, гирифтор шуданд.
Вобаста аз соатҳо дар шабонаруз, шидддат ба ҷои 220 кВт пешбинишуда 180-190 кВт соат медоданд.
“Наздики бегоҳ нисфи таҷҳизоти барқи дар хона хомуш мегардад. Яхдон, тандурпаз (микроволновка), таҷхизоти барқии гармидиҳи, амалан, бетаъсиранд” - шикоят дорад Париниссо зани хонашин.
Сокинони Тоҷикистон ба хубӣ дар ёд доранд, ки муаммои ҷаҳиши шиддати барқ, ки дар шаҳрҳои калон 10 сол пеш чой дошт, бархе аз таҷҳизоти барқиро тамоман корношоям мекард. Бо оғози сардиҳо ҷаҳиши шиддати барқбоз баргашт.
Чаро тавлиди барқ рекордӣ шуду "лимит" аз байн нарафт? далели вазир
"Тандурпаз, таҷҳизоти обгармкунӣ, яхдонҳо, компютерҳо дар мавриди ҷаҳиши шиддати барқ, ба қавле зуд аз кор мемонанд. Мо ба муштариён маслиҳат медиҳем, ки аз тасбиткунанда истифода намоянд харчанд ин ба маблағи 200-400 соимонӣ хароҷоти изофагӣ дорад. Ба таҷҳизоти обгармкунӣ тасбиткунанда гузоштан мумкин, лекин харидории таҷҳизоти тасбиткунанда барои ҳар як таҷҳизоти барқӣ дар хона буда хароҷоти зиедеро талаб мекунад", - мегӯяд устои таъмири таҷхизоти барқӣ Назирҷон.

"Барқи тоҷик" аз маҳдудияти интиқоли барқ мегӯяд

Дар ҳоли ҳозир ширкати "Барки точик" дар бораи доим паст будани шиддати барқ ҳеҷ шарҳе намедиҳад.
Дар маҷмуъ, ширкатит "Барқи тоҷик" супориши раисҷумҳур зоҳиран иҷро кард. Бархурди боқимонда байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда ба шакли ихтилофот мегузарад ва он метавонад солҳо идома ёбад, ки имкон дорад пас аз шунидани танқиди навбатӣ аз ҷониби ҳукумат ҳалли худро пайдо намояд.
“Дар тамоми кишварҳо агар истеҳсолкунанда ба чунин вайрон намудани мунтазами меъёрҳо даст занад, ширкат зери борони ҷаримаю шикоятҳо мемонад. Дар Тоҷикистон бошад "Барқи тоҷик" мақоми муқаддасеро, чун модагови ширдеҳ барои ҳиндустониён дорад", - мегуяд бо таассуф ҳуқуқшиноси ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Файзулло Раҳимзода.
Бо муштариёни хориҷи бошад, муносибати "Барқи тоҷик" дигагргуна аст. Чанде пеш ширкати “Барқи тоҷик” дар барои тамдиди муҳлати шартномаи хамкорӣ бо ҳамтоёни афғониаш аз ширкати “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS) хабар дод.
Рекорди тавлиди барқ дар Тоҷикистон
Ҳарчанд ин муштари назди "Барқи тоҷик" қарзҳои ҳангуфт дорад - ба ҳолати моҳи августи соли гузашта 28 миллион долларро ташкил медод. Ҳаҷми умумии қарзи ширкат “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS) дар ҳоли ҳозир эълон нашудааст. Дар ин маврид зимни нишасти хабарӣ масъулони ширкати "Барқи тоҷик" фақат ҳаминро гуфтанд, ки “имкониятҳои DABS барои пардохти хизматрасонии барқ беҳтар гардидаанд". Ин беҳтаршавӣ чигуна аст, шарҳ дода намешавад.
Воқеан, афғонҳо барои ҳар кВт соат барк 4,5 сенти амрикоӣ пардохт мекунанд. Пардохти бештар бо пули нақд сурат мегирад, зеро интиқоли маблағ тавассути бонкҳо аз ин кишвар ба мушкил аст. Тоҷикистониён бошанд, барои ҳар кВт соат барқ кариб се сент пардохт мекунад.
Ширкати "Барқи тоҷик" иддао дорад, ки дар фаслҳои тирамоху зимистон қувваи барқро ба хориҷ содир нахоҳад кард ва дар ин маврид махсус қайд менамояд, ки гап дар сари интиқоли мунтазам тавассути хатҳои интиқоли барқ (ЛЭП) набуда, сухан фақат дар бораи интиқоли барқ бо камтарин шиддат ба хотири нигоҳ доштани таҷҳизотҳои шабака дар холати корӣ меравад.
Ҳарчанд сарчашмаҳои дастрас иттилоъ медиҳанд, ки дар 9 вилояти Афғонистон маҳз барқи истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад. Ҳамзамон, ба иттилои “DABS”, ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли гузашта ду баробар афзудааст. Ба ин бовар намешавад кард. Зеро ба иттилои "Барки точик" соли 2022 ҳаҷми содироти барқ дар кишвар 106 миллион долларро ташкил дод ва ин рақам нисбати ба ҳамин давраи соли 2021 10,6 фоиз зиёд мебошад ва аз ин маблаг 3 миллион долларашро ҳаҷми содироти барқ ба хориҷ дар моҳи декабри соли сипарӣ ташкил медихад.
Ин дар холест, ки ширкати "Барқи тоҷик", тавре дар боло зикр кардем, иддао дорад, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барқро, гӯё, содирот намекунад - на ба Афгонистон ва на ба кишвари дигар.
Ӯзбекистон содироти барқ ба Афғонистонро аз сар мегирад
Дар ин маврид амали хадамоти матбуотии "Шабакаҳои минтақавии барқи"-и вилояти Сурахандареи Ӯзбекистон, ба қавле, "ба оташ равган рехт".
“Оғоз аз 18 январи соли гузашта 70 дарсади барқ барои ноҳияҳои Шурча, Олтинсой, Қумқурғон ва Ҷарқурғон, хамчунин - 90 дарсади барқ барои баровардани ниёзи истифодабарандагони барқи нохияхои Бандихон, Кизириқ, Шеробод, Бойсун, Сариосиё, Узун ва Деҳнав тавассути зерситгоҳи “Регар-500” бо хатҳои интиқоли барқи 220-кВт "Регар-Зарчоп ва "Регар-Шеробод" аз Тоҷикистон харидорӣ карда мешавад, - гуфта мешавад дар иттилои ин хадамот.
Маълум аст, ки ин таҷрибаи доимӣ нест ва фақат кумаки дӯстона ба кишвари ҳамсоя бо сабаби сарадиҳои ҳангуфти имсола дар Ӯзбекистон мебошад. Аммо сокинони Тоҷикистон низ аз сардиҳо азият мекашанд, ғами онҳоро кӣ мехурда бошад?
Воқеан, роҳбарияти ширкати "Барки точик" дар мавриди маблағи фурӯши барқ ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон низ ба даҳон, ба қавле, "об гирифтаву" ҳарфе намегуяд. Гӯё дар мавриди интиқоли барқ бо ҳамтоёни ӯзбекашон шартномаи тарафайн надошта бошанд. Он чиз норушан мемонад, ки магар бе имзои чунин як ҳуҷҷати муҳим интиқоли барқ кишвари ҳамсоя чӣ гуна ҷой дошта метавонад.
Ҳукумат бошад мардумро бовар мекунонад, ки бо роҳандозии пурраи НБО “Роғун” ҳамаи мушкилоти барқ дар Тоҷикистон аз байн бурда мешавад.
Ҳарчанд маблағи заруриро, ки барои ба истифодадиҳии пурраи иншоот зарур аст, чун дар нишастҳои матбуотии солҳои пешин дигар ба забон намеоранд. Рақами охирине, ки эълон шуда буд наздик ба 5 миллиард доллар буд. Ҳарчанд дар оғози кор барои ба охир расонидани сохтмон сухан дар бораи 4 миллиард доллар мерафт.
Об каму харҷ зиёд: Муроҷиати мақомоти тоҷик ба мардум дар мавриди барқ
Ҳукумати кишвар нақша дорад соли равон ба сохтмони ин иншоот 315 миллион доллар ҷалб намояд. Дар ин маврид роҳбарияти кившар ба Бонки Ҷаҳони чашми умед мебандад.
Мушкил дар он аст, ки ин муассисаи молиявии байналмилалӣ кам қарзҳои бебозгашт ва ё ба иборае дигар - грантҳоро мустақиман ба сохтмонҳо равона мекунад. Одатан, пешниҳоди чунин маблағҳо бо додани қарз барои омода намудани хуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва санадҳои бешумори хароҷот маҳдуд мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки агар корҳо аз чониби мутахассисони Ғарб анҷом дода шаванд. Ин маънои онро дорад, ки маблағхои нақд қаламрави Аврупо ва ИМА-ро тарк ҳам намекунанд.
Ҳоло, ки неругоҳи барқи обии Роғун ба иқтидори пуррааш ба кор надаромадааст, дар кишвар хатари буҳрони ногаҳонии интиқоли барқ боқӣ мемонад.
Ба сокинони оддии Тоҷикистон бошанд факат умед бастан ба ояндаи нек мемонад ва бо афсус пулҳояшонро барои таъмири таҷхизоти барқӣ "ба шарофати ғамхории ҳамвора нисбати истеъмолкунандагон" корношоям шуда масраф намоянд.