ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Салиби сурх бо баёни ин ки яхбандон дар Афғонистони ҷони миллионҳо нафарро дар хатар гузошт, гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари авзоъ ба кумакҳои башардӯстона бештар ниёз аст.
Кумитаи байналмилалии Салиби сурх эълом кард, ки ҳавои “бисёр сард” дар Афғонистон ҷони миллионҳо нафарро дар хатар гузоштааст.
Ба гуфта ин кумита тавонои хониводаҳо барои гарм кардани хонаҳояшан дар зимистони сарди имсол ба далели чолишҳои иқтисодӣ ба мизони қобили таваҷҷӯҳе коҳиш ёфтааст.
Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар саҳифаи твиттерии худ гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари вазъият ба кумакҳои башардӯстонаи бештар ниёз аст.
Раиси ҳайати кумитаи Салиби сурх дар Афғонистон Алви Филиун ҳам дар саҳифаи твиттерии худ навишта аст, ки бо коҳиши шадиди дамои ҳаво дар зимистони имсол ва афзоиши чолишҳои иқтисодӣ, миллионҳо афғон бо ду интихоби мувоҷеҳ шуда ки ё ғизо омода кунанд ё ҳам маводи сӯхти гармоишӣ.
“Мо наметавонем чашми худро бар вазъияти асафноки онҳо (ниёзмандон) бебандем ва ба посухгӯӣ ба ниёзҳои онҳо идома хоҳем дод”, - гуфт ӯ
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 28 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.