ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ содироти маводеро манъ карданд, ки дар ин кишварҳо парвариш ва ба далели фаровонӣ ба хориҷ низ содирот мешаванд.
Охирин иқдом аз сӯи мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт, ки вазири кишоварзии ин кишвар гуфт, манъи пиёз ва ба дунболи он сабзиву картошка – се маҳсули кишоварзӣ то расидани як эътидол дар бозори дохилӣ, ки дар пайи вуруди ҳосили нав имкон дорад, идома хоҳад дошт. Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар шарҳи тасмимашон барои манъи онҳо чунин далелро пеш оварда буданд.
Аммо чаро чунин вазъ пеш омад?
Мушкили дурнамо
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, чанд далели камбуди маҳсулоти кишоварзиро пеш овард, ки яке ҳам иҷро нашудани дурнамои кишт аст, аз ҷумла фақат 92,6 дарсади заминҳои кишти сабзавот мавриди истифода қарор гирифтаанду халос.
Тибқи додаҳои вазорати кишоварзӣ, масалан, тибқи дурнамо 1 миллиону 107 ҳазор тон бояд ба даст меомад, аммо 1 миллиону 094 тон ҳосил гирифта шудааст. Масъулин мегӯянд, ин натиҷа эҳтиёҷоти кишварро бароварда мекунад, аммо имкони содиротро намедиҳад.
Ба ҳамин минвол, пиёз 672 ҳазор тон (525 ҳазор дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ, 127 ҳазор аҳолӣ) истеҳсол шуд, дар ҳоле ки дурнамо 727 ҳазор тон будааст.
Ҳамзамон сардиҳои ахир низ таъсири худро ба коҳиши арза ва нарх расондааст. Вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, захирае, ки дар навоҳӣ ҳаст, то 10-12% зарар дидааст.
“Пиёз аз сардӣ зарар намебинад. Чаро? Ях кунад ҳам, онро мешавад истифода бурд. Аммо агар дуюмбора ях кунад, онро истифода бурда намешавад. Картошка ё турбу шалғамро агар хунук занад, намешавад истифода кард. Камбуд дар бозорҳо, аз ҷумла ба далели сардиҳо ва ҳам мушкили роҳ низ иттифоқ афтодааст. Масалан, аз навоҳии дурдаст тариқи ағбаҳо ба пойтахт ё дигар шаҳрҳои калон расондани мавод мушкил аст”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ
Мушкили дигаре, ки мӯҷиби кам кишт шудани заминҳо ва ҳам боло рафтани қиматҳо шудааст, дар таҳлили вазири кишоварзӣ, қимати сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ будааст. Соли гузашта Тоҷикистон шоҳиди болоравии собиқаи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ буд. Дар соли 2022 қимати сӯзишворӣ то 50 ва нуриҳои минералӣ то 80% афзуд.
Қурбон Ҳакимзода гуфт, барои истеҳсоли на кам аз 350 сентнер пиёз нуриҳои азот-фосфор-калий на кам аз 1 тон зарур аст - то 600 кило нурии азотӣ, 200 – 250 - фосфорӣ то 100 кг - калий.
“Қимати он дар арзиши аслӣ таъсири худро расонд, зеро мо тамоми эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот бароварда мекунем”, - гуфт вай.
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, соли 2022 ба Тоҷикистон 199 ҳазор тон нуриҳои минералӣ аз Ӯзбекистон (155 ҳазор тон), Русия (15 ҳазор тон), Туркманистон (13,5 ҳазор тон), Қазоқистон (беш аз 10 ҳазор тон) ва Белорус (6 ҳазор тон) ворид шудааст.
Аммо вазири кишоварзии кишвар мегӯяд, барои таъмини соҳаи кишоварзӣ 400 ҳазор тон нуриҳои минералӣ зарур аст ва ҳоло ду корхона – “Нуриҳои азотии Вахш” бо зарфияти солона 200 ҳазор тон ва “Корхонаи кимиёии Ёвон” бо зарфияти 100 ҳазор тон эҳтимол дорад баҳори оянда ба фаъолият шуруъ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, бо ин вуҷуд ки дар қимати бензину газ дар бозори кишвар тағйири назаррас омадааст, қимати сӯзишвории дизелӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ умдатан истифода мешавад, тағйири ҷиддӣ надидааст. Як литри он ҳамоно миёни 11,50 ва 12 сомонӣ бозӣ мекунад.
Чолиши эҳтимолӣ
Вазири кишоварзии Тоҷикистон ҳарчанд гуфт, ки маъмулан ҳосили нави пиёзу картошка ва сабзӣ дар кишвар дар даҳаҳои сеюми март ва аввали апрел омода мешавад, инро низ зикр кард, ки эҳтимол дорад, сардиҳои имсол пухта расидани ҳосилро ба қафо андозад.
“Мо дар се марҳалаи тирамоҳу тобистон вобаста ба иқломи вилоятҳо пиёзу дигар сабзавотро кишт кардаем – сентябру октябр, ноябр ва декабру январ. Гуруҳи корие, ки мо ба ноҳияҳо фиристодем, ба ин натиҷа расид, ки эҳтимол дорад кишти моҳи ноябрии пиёз аз сардиҳо зарар дида бошад, аммо картошка зиён надидааст”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, дар моҳҳои сентябр-октябр 7 ҳазор гектар, ноябр - 1212 гектар ва декабру аввали январ - 1400 гектар пиёз ва 2000 гектар картошкаи барвақтӣ кишт шудааст, ки ба бовари вазири кишоварзӣ, мушкили камбуд ва болоравии нархҳоро бартараф хоҳад кард.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон бар ин аст, ки агар захираҳо дуруст танзим шаванд, ҳеҷ гуна камбуд ё буҳрони маводи ғизоӣ ва ҳам болоравии нархҳо иттифоқ нахоҳад афтод.
Буъди ҷаҳонӣ
Зоҳиран, тамоми авомиле, ки номбар мешаванд, буъди дохилӣ доранд, аммо коршиносон бар як вобастагии ин авомил бар буъди ҷаҳонӣ низ ишора мекунанд.
Аброр Мирсаидов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мисоли пиёз мегӯяд, яке аз далоили камбуд ва афзоиши он дар минтақа ба обхезиҳои Покистон ва барфбориҳои Арабистони Саудӣ, ду кишвари содиркунандаи пиёз дар фасли сармо рабт медиҳанд.
“Вақте як кишвар, ҳамчун омили бозори минтақаву ҷаҳон, содироти маводро қатъ мекунад, таъсири он ба дигар бозорҳо низ мерасад ва кишварҳои тақозокунанда талош мекунанд эҳтиёҷи худро аз дигар ҳисоб баробар кунанд”, - гуфт ӯ.
Зимнан, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон низ гуфт, ки камбуду болоравии нархи пиёз дар Тоҷикистон эҳтимол дошт, ки иттифоқ наафтад, аммо моҳи декабр ба Афғонистон як миқдор содирот шудааст, ки таъсири худро ба бозор гузошт. Вай дар ин бора дигар ҷузъиёт ироа накард, аммо Афғонистон ба таври суннатӣ пиёзро аз Покистон харидорӣ мекард.
Ба қавли Аброр Мирсаидов, бо таҳаввулоти ахире, ки дар Аврупову Осиё дида мешаванд, бахусус, ҷанги Украина, низоми қаблии фароҳамсозии маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ осеб дидааст ва ин вазъ дар Осиёи Марказӣ бетаъсир набудааст.
Нуруллоҳ Ҳусейнзода, коршиноси умури иқтисод, бар ин бовар аст, ки ҳар кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз буҳрони маводи ғизоӣ ҳақ дорад дар қатъ ё иҷозаи содироти ин ё он навъи мавод тасмими худро гирад, аммо он чӣ дида мешавад як гуна бебарномагӣ аст.
“Ҷаҳон пеши як воқеиятҳои дигар қарор дорад. Дигар низоми қаблии муносибот, ки касе ба умеди каси дигар бошад, нест, яъне як кишвар набояд ба умеди ин ки, масалан, пиёзро аз Тоҷикистон ё Покистон ворид мекунад, бошад. Ҳукуматҳо бояд аз қабл эҳтиёҷоти худро муҳосиба кунанд, сипас, сари маводи зиёдатӣ ва содироти он бо ин ё он кишвар вориди музокира шаванд. Барои ин бояд ба соҳаи кишоварзӣ маблағҳои махсус ихтисос ёбад”, - гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, Мурод Ашӯриён, коршиноси дигари умури иқтисод, бар ин назар аст, ки Тоҷикистон қабл аз ҳама бояд равобити худро бо кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ ва Русияву Чин беҳтар кунад.
“Масалан, Русия содироти нуриҳои минералии худро ба Аврупо қатъ кардааст ва ҷалби ин захоир ба нафъи минтақаву Тоҷикистон хоҳад буд. Дар умум, шароити хубе барои ин фароҳам шудааст, ки Русия ва шариконаш дар Осиёи Марказӣ як барномаи муштараки таъмини амнияти маводи ғизоии худро дошта бошанд. Ҳар кишвари қаламрави собиқ Шӯравӣ бартариҳои худро дорад, ки дар мавсимҳои гуногун метавонад кишварҳои дигарро бо ин ё он мавод таъмин кунанд”, - гуфт Мурод Ашӯриён.
Зимнан, содироти фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон, бино ба иттилоъи расмӣ, асосан ба меваву сабзавоти барвақтӣ, ки моҳи апрел пухта мерасад, рост меояд. Масалан, пиёз муҳимтарин маводи кишоварзии содиротии кишвар (66,6 ҳазор тон дар соли 2022) ба ҳисоб меравад, ки асосан дар даҳаи сеюми моҳи апрел ба хориҷ содирот мешавад ва дар ҳоли дер расидани ҳосил дар нарху камбуд дар бозорҳои Осиёи Марказиву Русия таъсири худро метавонад гузорад.