ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар пайи сардиҳои шадид, ки камбуди зиёд дар кори мақомотро ошкор кардааст, президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев тағйироти кадрӣ анҷом додаст.
Президенти Ӯзбекистон аз ҷумла шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро аз мақомаш барканор карда, мавриди интиқод қарор додааст.
Мушкилот дар таъминоти нерӯ, болоравии нархҳо ва камбудиҳои дигари инфрасохторӣ аз ҷумлаи норасоиҳои кори Ортиқхоҷаев зикр шудаанд.
Дар баробари мири Тошканд, ҳамчунин муовини вазири энергетика, раиси ширкати энергетикӣ ва роҳбарони бархе аз навоҳии дигар барои омодагии суст ба зимистон аз мақом барканор гардидаанд.
Аз ҷумла мақоми раисони ноҳияҳои Юнусобод, Мирзо-Улуғбек ва Учтеппа то иҷрокунандаи вазифаи раис поин оварда шудааст.
Президенти Ӯзбекистон мақомоти додситонии кишварро муваззаф кардааст, ки фаъолияти роҳбаронро дар мавриди омодагиҳо ба зимистон бисанҷанд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ки истифодаи нерӯи барқ бар асари сармоҳои ғайримуқаррарӣ дар Ӯзбекистон ба ҳадди баландтарин - 250 млн кВт/соат расид. Дар Тошканд аз сабаби зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ зиёда аз ҳазор садама рӯй дод.
Маврид ба зикр аст, ки сардиҳо кишварҳои Осиёи Марказиро нимаи аввали моҳи январ фаро гирифта, мушкилоте дар бахшҳои гуногун - аз нақлиёт то таъминоти обу энержиро ошкор кардаанд.