ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ аз 1 апрел оғоз мешавад ва мисли соли гузашта дар се марҳила баргузор мегардад.
Бар асоси қоидаҳои тасвибшуда, дар навбати аввал ҳамаи даҳ даста дар ду марҳила бозӣ мекунанд, хабар дод телевизиони "Варзиш".
"Сипас, дар марҳилаи сеюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар умум ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад", - омадааст дар матлаб.
Дар зимн таъкид гаридаст, ки шумори бозигарони хориҷӣ дар майдон набояд бештар аз бозигарони ватанӣ бошад, чун маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар чемпионат бетағйир гузошта шуд.
Мисли соли гузашта ҳар як бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад ба ҳайати худ 7 бозигари хориҷиро шомил кунад, дар ҳоле ки танҳо 5 бозигари хориҷӣ дар як вақт метавонад дар майдон бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чемпионати гузашта дар Тоҷикистон тими "Истиқлол"-и Душанбе қаҳрамон гардид.
Интизор меравад, ки соли равон "Истиқлол"-ро мураббии шинохтаи зодаи Тоҷикистон, Игор Черевченко тамрин диҳад.
Дар назар аст, Черевченко ба ҳайси сармураббии тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ба муддати як сол шартнома бандад.