Оғози тафтишоти хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аз сӯйи ҷумҳурихоҳон

Аъзои конгресси Макколл аз мақомоти кишвараш талаб кард, ки асноди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистонро пешниҳод намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Аъзои конгреси ИМА ҷумҳурихоҳ Майкл Макколл аз вазорати хориҷаи Амрико тақозо кард, ки асноди марбут ба хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро пешниҳод кунад, иттилоъ додааст CNN.
Сиёсатмадор дархост фиристода, муҳлати посухи ин ниҳодро - 26 январ муқаррар кардааст. Ҳамзамон, ӯ таҳдид кардааст, ки агар шарҳе набошад, ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Макколл дар номааш ба котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, ки дар ихтиёри CNN қарор гирифтааст, гуфтааст, "ҳатмист, ки Департаменти давлатӣ ба ин дархостҳо посухи комил диҳад ва кумита ба таъхирҳои тӯлонӣ таҳаммул нахоҳад кард".
Дар муроҷиати худ, сиёсатмадор рӯйхати тамоми вохӯриҳои байниидоравии маъмурияти президент Ҷо Байденро, ки ба хуруҷи нерӯҳо марбутанд ва инчунин маълумот дар бораи ҳама мулоқотҳо бо намояндагони толибон*, аз моҳи январи соли 2021 дархост кардааст.
Амрико: Покистон ҳақ дорад ба Афғонистон ҳамла кунад
Кумита ҳамчунин ба омӯзиши паёмадҳои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон таваҷҷӯҳ дорад.
Ба гуфтаи ин шабака, Макколл ҳамроҳ бо ҳамкорони ин кумита дар соли гузашта дастикам се дархост ба вазорати хориҷа фиристода буд.
Соли гузашта вазорати хориҷаи Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои Амрико бознигарии худӣ анҷом доданд, аммо натоиҷи он то ҳол эълом нашудааст.
Ҳафтаи гузашта мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан гуфт, ки тасмими Ҷо Байден дар бораи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон кумак ба Украинаро осон кардааст.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои Амният дар навбати худ қайд кард, ки хуруҷи ногаҳонии нирӯҳои Амрико бештар ба зарурати тамаркуз ба омодасозии Киев марбут аст.
Замир Кабулов: Талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон нигаронкунанда аст
Тобистони соли 2021 Толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи пойтахти Афғонистон, ки таҳти контроли низомиёни амрикоӣ қарор дошт, берун овардани оммавии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
* - Созмоне, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад