ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Шумори ҷойҳои холӣ дар бахши сохтмон дар бозори меҳнатии Русия ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба таҳқиқоти сомонаи “Avito Rabota” хабар медиҳад.
Шумори умумии ҷойҳои корӣ дар Русия, тибқи таҳқиқот, дар соли 2022 69 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, ширкатҳо бештар дар ҷустуҷӯи мутахассисон дар бахшҳои савдо, истеҳсол ва сохтмон буданд.
Гурӯҳҳои шуғл "Савдогар" ва "Истехсолот" мутаносибан 13 дарсад ва 12 дарсад аз шумораи умумии эълонҳои сомонаро ташкил медиҳанд.
Бахши сохтмон дар ҷои сеюм аст - ҳиссаи он дар ҳама эълонҳо 8 дарсадро ташкил медиҳад. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки талаботи зиёд ба коргарон дар бахши сохтмон дар соли 2023 низ идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки тибқи як назарсанҷӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии ширкатҳои инфрасохторӣ ва Sherpa Group гузаронида шуд, дар соли 2022 шумораи ҷойҳои кории холӣ дар бахши сохтмон 46 дарсад афзудааст.
Интизор меравад, ки вазъ дар ояндаи наздик бадтар мешавад. Ин аз ҷумла аз он вобаста, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватанҳои худ баргаштанд, ки дар он ҷо низ талабот ба нерӯи корӣ афзоиш ёфтааст.