ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон аз талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории ҳиндуи гуфтааст, ки талошҳои Амрико барои назорат ва таъсир ба масоили Афғонистон, аз ҷумла тавассути таъсиси таъсисоти низомӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ташвишовар аст.
Вай афзудааст, ки агар Вошингтон дороиҳои молии Афғонистонро, ки барои таҳкими тавонмандиҳои зиддитеррористӣ зарур аст, озод кунад, метавонист кумаки бештаре ироа кунад.
Қаблан низ таҳлилгарони Афғонистон гуфта буданд, ки намояндаи вижаи ИМА дар умумри Афғонистон Том Вист бо саркардаҳои толибон дар Қатару Иморот вориди гуфтугӯ шудаанд.
Онҳо ба кумаки 40-50 миллиондолларии Амрико дар ҳар ҳафта ба ин гуруҳ ишора карда, мегӯянд миёни онҳо шартномаҳое вуҷуд дорад, ки махфӣ аст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ гуфта буд, ки Вошингтон ҳоло дар барқарории ҳузури низомии худ дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ машғул аст.
Ӯ гуфт, ИМА бо ҳузури 20-солааш дар ин кишвар ҳатто як корхонаи саноатӣ насохт ва фақру камбизоатӣ ҳамон тавре, ки ҷой дошт, боқӣ монд.
14 апрели соли 2021 раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз поёни амалиёт дар Афғонистон хабар дод, ки тӯлонитарин амалиёти низомии хориҷӣ дар таърихи Амрико шуд.
15 августи ҳамон сол толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва дар тӯли чанд соат шаҳрро таҳти тасарруфи худ гирифтанд.
Ин гуруҳ ҳамакнун 1,6 сол мешавад, ки Афғонисторо зери итоат дорад ва бинобар риоя накардани қавонини байналмилалӣ ва қатлу кушторҳову ҷори кардани додгоҳҳои саҳроӣ касе онҳоро ба расмият нашинохтааст.