ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Иқдомоти толибон барои мубориза бо маводи мухаддир ва тероризм и кофӣ нест, гуфт муовини вазири умури хориҷаи Русия Андрей Руденко дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Sputnik Афғонистон.
Чунончии вазорати хориҷаи Русия қаблан эълом карда буд 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон фаъолият дорад, ки теъдоди ҷангҷӯёни онҳо болиғ бар 10 ҳазор нафар мешавад.
Дар бораи ҳамкориҳо бо давлати бар ҳоли Афғонистон бо тероризм кишварҳои минтақа ҳам бояд саҳм бигиранд чаро, ки амнияти Афғонистон бо амнияти онҳо бастагӣ дорад.
Ин дипломат дар ин бора гуфт, ки ин мавзуъ ба таври мураттаб дар тамосҳои дуҷониба бо Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон, кишварҳои Осиёи марказӣ ва дигар шарикони мо баррасӣ шудааст. Дар гуфтугӯҳои чандҷониба мавзуи мубориза бо тероризм дар чорчуби Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, формати мушовараи Маскав ва мехонизмҳои дигар дар ҳол баррасӣ аст .
Оқои Руденко идома дод, ки дар шароити душвори инсонӣ ва иқтисодии Афғонистон, аз ҷумла ба далели мунҷамид шудани дороиҳои миллӣ тавассути кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои террористии байналмилалӣ ба дунболи тақвияти мавозеи худ ва ҳамчунин ҷалби ҳимояти неруҳои хориҷӣ, ки дар талош ба бе субот кардани авзоъи дар тамоми минтақа ҳастанд.
“Намунаи боризи он ҳамлаи террористии хунин дар наздикии сифорати Русия дар Кобул дар моҳи сентябри соли ҷорӣ буд, ки дар натиҷаи он ду тан аз ҳамкорони мо ҷон бохтанд. Бо ин вуҷуд Русия дар ин кишвари ҳузури мустақим хоҳад дошт, ба вижа дар вилоёти шимолӣ ҳам акнун кор барои бозгушои сарконсулгарии Русия дар мазори шариф ҷараён дорад.
Ин дипломат идома дод, ки гарчанде толибон дар мубориза бо маводи мухаддир қавонине бар манъи кишти кукнор вазъ карданд, ки кофӣ нест.
Дар зимн мо медонем, ки маҳдудиятҳо ва таҳримҳои ғайриқонунӣ кишварҳои сеюм низ тавон толибонро дар амри мубориза бо маводи мухаддир ва тероризм маҳдуд кардааст.
Оқои Руденко дар бораи ҷароими ҷангии Амрико ва НАТО, ки дар китоби сифед дарҷ шуда аст гуфт: “ҷиноёти шахсии низомиёни Амрико, Бритониё, Олмон, Австралия ва соири кишварҳо алайҳи афғонҳо сулҳталаб дар ҷараёни бист соли ишғоли низомии ин кишвар, набояд бидуни муҷозот бимонад”.
Китоби сифед дар мавриди ҳақоиқи куштани ғайринизомиёни афғон "бар асоси иттилооти ҷамъоварӣ шуда тавассути коршиносони мустақили Созмони Милали Муттаҳид ва соири ожонсҳои байналмилалӣ аст.
Ин китоб тамоми ҷароимро пушиш надодааст ҳукумати ҷадиди Афғонистон бояд рӯй он кор кунад ва аз ин тамоми хониводаҳое, ки мавриди ин ҷурми ҷиноёти ҷангӣ қарор гирифтандаанд аз адолат бархурдор шаванд.