ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду низоми пардохт муҷаввиз барои фаъолият дар ин кишварро аз даст доданд.
Ин тасмимро Раёсати Бонки миллии кишвар гирифтааст.
Ҳамин тариқ, фармони тарки бозори Тоҷикистон ба системаҳои пардохтии MoneyGram Payment Systems, Inc ва ҶДММ “БЭСТ” дахл дорад.
Сабаби ин ба охир расидани муҳлати иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият хонда мешавад.
"Мӯҳлати муҷаввизи ин ширкатҳо ба охир расидааст", - гуфтанд дар дафтари матбуоти ин ниҳод.
Қарорҳои Раёсати Бонки Миллӣ тибқи қонунҳо "Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул шудаанд.
Раёсати низомҳои пардохтии БМТ муваззаф шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохти сабти дахлдор ворид кунад, гуфта мешавад дар хабар.
Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ имкони интиқоли маблағҳои фаромарзӣ мавҷуд аст.
Барои ин шумо метавонед аз системаи пардохтҳои зуд истифода баред. Он дар 12 бонки Осиёи Марказӣ дастрас аст.