ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар Русия сатҳи ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёфтааст, гуфт вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев.
Вазир зимни ҷаласаи Кумитаи давлатии мубориза бо маводи мухаддир хабар дод, ки аз панҷ ҷинояти содиркардаи муҳоҷирон дар Русия чаҳортоаш ба қочоқи маводи мухаддир рабт дорад.
"Ҳанӯз ҳам бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Ҳадди ақал агар ба масъалаи афзоиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия омадаанд, назар андозем, афзоиши ҷиноят аз ҷониби онҳо ба назар мерасад. 80 дарсади ҷиноёти содиркарда ба қочоқи маводи мухаддир рабт дорад”, - гуфт ӯ.
Вазир даъват кард, ки назорат аз болои ҷиноятҳои содиркардаи хориҷиён пурзӯр карда шавад.
Қаблан Кумитаи тафтишот дар бораи афзоиши содир намудани ҷиноят дар миёни муҳоҷирон дар соли 2022 хабар дода буд.
Тавре ин ниҳод зикр карданд, дар давоми моҳҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 37 ҳазор ҷиноятро тафтиш кардаанд, ки масъулияти онҳо ба дӯши шаҳрвандони хориҷӣ гузошта шудааст.
Аз ин миқдор тақрибан 60 дарсади ҷиноятҳоро сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ содир кардаанд.