ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунанди мақомоти ҳизфи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25% зиёд карда мешавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, афзуд, ки музди дигар кормандони ин мақомот 20% зиёд мегардад.
Бар асоси пешниҳоди президент, аз 1 июли 2023 муздки кормандони маориф , илм тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20% афзоиш меёбад.
Инчунин аз июл андозаи нафақаи заминавӣ 20%, нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16% индексатсия, яъне зиёд карда шаванд, изҳор дошт Раҳмон.
Вай илова намуд, ки дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20% аз меъёри нафақаи заминавӣ афзоиш меёбанд.
Дар пайи ин пешниҳод Раҳмон дар хитоб ба вакилон изҳор дошт, ки дӯстони азиз ин корҳо нағзанд ва илова намуд, ки онро метавон боз ҳам бештар кард, агар ҳамаи мақомдорон софдилона меҳнат кунанд.
Президент зикр намуд, вакилони мардумӣ, ки дар пайи паём пеши интихобкунандаҳо мераванд, кору бисмилоҳашонро аз ин масъала оғоз мекунанд.
"Агар манфиати миллату давлатро аз ҳама боло гузорем, аз ин ду баробар зиёдтар метавонем кунем, сатҳу сифати зиндагии мардумро боло бардорем", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай афзуд, дар паёмҳояш ҳушдорҳо ҷой надоранд, ки фалон вазир аз кор барканор мешавад. Агар хизмат кардед, қадр мекунам, таъкид намуд Раҳмон.