Ҳикматиёр: тасмими манъи омӯзиши духтарон шармовар, беҳуда ва ҳалоккунанда аст

Дар идомаи вокунишҳо ба фармони раҳбари гурӯҳи толибон мабни бар мамнуъияти тазсили духтарон, раҳбари ҳизби исломӣ ин тасмимро шармовар хондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбудин Ҳикматёри дар як саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки гурӯҳи толибон тасмиме гирифтаанд, ки худ онон низ аз тавҷеҳи ин амалашон оҷизанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҳикматёр гуфтааст, ки гурӯҳи толибон дар ҳар арса бояд ба гунае кор кунанд, ки иддаоҳои мабни бар нотавонии чеҳраҳои мазҳабӣ дар ҳукуматдории мардуд дониста шавад.
Раҳбари ҳизби исломӣ таъкид карда аст, ки ҳануз ҳам фурсат вуҷуд дорад то авлавиятҳо дарк шуда ва аз ин гуна тасмимҳои "беҳуда ва ҳалоккунанда" иҷтиноб сурат гирад.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран вазорати таҳсилоти олии гурӯҳи толибон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯй духтарон хабар доданд.
Вокуниши Аҳмад Масъуд ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯи духтарон
Ин ҳам дра ҳолест, ки ахиран ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон ваъда дода буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд, аммо тавре ба назар мерасад толибон ба ваъдаи худ вафо накарданд.