Пули сӯхта дар Хоруғ барқарор шуд

Пули навсозишудаи пиёдагард дар шаҳри Хоруғ бо дарозии 100-метрӣ ва паҳноии 4-метрияш тавони бардоштани ҳудуди 17 тонна борро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Пули пиёдагарди шаҳри Хоруғ, ки моҳи майи соли равон бар асари оташсӯзӣ тахриб гардида буд, баъди барқарорсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин бора ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки дар маросими ифтитоҳи пул аз ҷумла вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим иштирок кард.
Зикр шуд, ки бар асари сӯхтори моҳи май дар бозори марказии шаҳри Хоруғ кӯпруки пиёдагард, ки ду соҳили дарёро ба ҳам мепайваст, вайрону валангор шуда, ҳаракати мардум дар он номумкин гардид.
Таъкид гардид, ки корҳои таъмирӣ дар пул танҳо баъди дастрас шудани масолеҳи зарурӣ аз шаҳри Душанбе ва Чин дар моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар пайи навсозӣ пул бо дарозии 100 метр ва паҳнои 4 метр тавон бардоштани 17 тонна борро дорад.
Мирзонабот хостори рангубор ва чароғонкунии биноҳои Хоруғ шуд
Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, сӯхторе, ки ин пул низ дар он осеб дид, бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз дӯконҳои хӯроки тезтайёри бозори марказии шаҳри Хоруғ сар зад.
Манбаъ изҳор дошт, ки дар натиҷаи сӯхтор яке аз биноҳои марказӣ дар ҳаҷми тахминан 500 метр мукааб, ки 48 мағозаро дарбар мегирад, аз оташ зарари ҷиддӣ дида, 14 мағозаи дигар қисман хароб гардиданд.
Вазорат таъкид намуда буд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор ба 1 млн сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкороне, ки аз ин сӯхтор зарар диданд, дар бозори "20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷой дода шуданд.