Пидром: Аз ИМА некиро интизор шудан содалавҳист

Раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон иддао дорад, ки ИМА ҳеч гоҳ ният барқарории сулҳ, субот ва адолату озодӣ дар кишварҳои минтақаро надошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Вашингтон кӯшиш мекунад, душвориҳо ва буҳронҳоро эҷод кунад, изҳор дошт раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, Латиф Пидром.
Ба гуфтаи Пидром, ИМА ҳеҷ гоҳ ҳадафи овардани сулҳ, субот, хушбахтӣ, адолат ва озодӣ ба Афғонистон ва кишварҳои минтақаро надошт.
"Баръакс, Вашингтон кӯшиш мекунад, ки душвориҳо ва буҳронҳо ба вуҷуд оварад. Некиро интизор шудан аз ИМА содалавҳист", - таъкид намуд сиёсатмадори афғонистонӣ.
Ин ҳушдори ӯ дар ҳолест, ки қаблан аз афзоиши сафари фиристодаҳои ИМА ба минтақаи Осиёи Марказӣ гузоришҳо нашр гардиданд.
Дар ин робита роҳбари Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин аз оқибати сафари фиристодаҳои ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.
Вай ахиран зимни посух ба суол дар мавриди афзоиши боздидҳои намояндагони ИМА аз минтақа паёмадҳои бади наздикии Аврупо бо ИМА-ро мисол овард, ки ба гуфтааш бештар аз шарикони стратегиянд, аммо барои аврупоиҳо, ин бо бекорӣ, бастани корхонаҳо ва мушкилоти дигар анҷомид.
Чаро ИМА дронҳои кӯҳнаи шӯравиро барои Украина такмил медиҳад: видео
Ӯ гуфт, ИМА дар "пӯсти гӯсфанд" меояд, аммо дандонҳои гургонааш намудоранд. Володин зикр намуд, ки маҳз ИМА барои худ манобеи нерӯро бо як нарх мехараду барои Аврупо бо 4 баробар қимат мефурӯшад.
Инчунин ба гуфтаи роҳбари Дума, ИМА Аврупоро водор ба ҷанги таҳримӣ алайҳи Русия намудаст, ки ба зарарарашон анҷомидаст.
Раиси Думаи давлатӣ афзуда буд, ки ин ҳама натиҷаҳоро дар кишварҳои Осиё мебинанд, ки бо Русия дар заминаи эҳтироми тарафайну дахолат накардан ба умури дохилии ҳамдигар ҳамкорӣ доранд.