ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Тими миллии Бразилия бар тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳ ёфт.
Бразилияиҳо, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон дар таърихи худ бори дуюм дар нимаи аввали вохӯрӣ, дақиқтараш дар 36 дақиқаи аввал ба дарвозаи ҳариф 4 гол ворид карданд. Дар нимаи дувуми бозӣ тими миллии Кореяи ҷанубӣ тавонист бо як гол посух гӯяд.
Ҳамин тариқ, ин бозӣ барои тими миллии футболи Бразилия дар қаҳрамониҳои ҷаҳон 113-ум буда, даста аз рӯи шумораи бозӣ дар Ҷоми ҷаҳон рекорд гузошт. Намояндаҳои Амрикои лотинӣ дастаи Олмонро, ки дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 112 бозиро анҷом додаст, пеш гузаштанд.
Ҳамлагари тими миллии Бразилия Неймар аз рӯи натоиҷи овоздиҳӣ дар сомонаи ФИФА беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.
Дар бозии дигари даври ҳаштякниҳоӣ тими Ҷопон дар зарбаҳои 11-метрӣ аз тими Хорватия шикаст хӯрд. Вақти асосии бозӣ ва изофӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта, дар зарбаҳои пеналтӣ хорватҳо бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Дарвозабони хорват, Доминик Ливакович, ки се зарбаро аз нуқтаи ҷаримавии 11-метрӣ гардонд, беҳтарин дониста шуд.
Ҳамин тариқ тими Хорватия 9 декабр бо Бразилия вориди сабқат хоҳад шуд. Ҳамчунин тими Нидерландия бо Аргентина рӯзи 9 декабр ва Фаронса бо Инглистон 10 декабр зӯрозмоӣ мекунанд.
Охирин бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 6 декабр миёни Марокашу Испания ва Португалияю Швейтсария баргузор мешаванд.