ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон то 31 октябри соли равон аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии молиявӣ дар маҷмуъ 4 821,2 ҳазор адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,1 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 602 адад банкомат ва 2 074 адад терминали электронӣ насб намудаанд.
“Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мувофиқан 21,1 фоиз ва 13,8 фоиз зиёд мебошанд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Ҳамзамон тибқи иттилои ҳамин манбаъ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 3 933 адад POS - терминал ва 16 861 адад QR–рамз насб карда шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 теъдоди онҳо мувофиқан 29,6 фоиз ва 61,2 фоиз зиёд мебошанд.
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 26,3 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 6,08 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо назар ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯи шумора 41,9% фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,2 маротиба зиёд мебошад.
Бонки миллӣ зикр кардааст, ки дар амал татбиқ кардани технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ яке аз равандҳои муосир дар низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, аз соли 2018 инҷониб ташкилотҳои қарзии молиявӣ ин усули пардохтҳои ғайринақдиро ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд.