ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора 28 ноябри соли 2022 ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Ин иқдом мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт.
Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки тибқи қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ муваззаф карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори суғуртаи Тоҷикистон 17 ширкати хусусиву давлатӣ кору фаъолият мекунанд.