ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Осорхонаи Исмоили Сомонӣ дар зери муҷассамаи майдони “Дӯстӣ” пас аз навсозӣ дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз мекунад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба намояндаи ширкати “Меъмор ва сохтмон”
“Пас аз анҷоми таъмири ин иншоот ҳамчун осорхона барои меҳмонон боз мегардад. Дар он тамоми нигораҳои марбут ба аввалин амири давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд”, — хабар додааст манбаъ.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳоло дар дохили осорхона корҳои навсозии шабакаҳои обрасонӣ ва ҳавополоӣ анҷом дода шудаанд.
Инчунин хабар дода шудааст, ки корҳо дар атрофи осорхона давом доранд.
Бояд гуфт, ки корҳои таъмирӣ бояд то охири моҳи марти соли 2023 ба анҷом расонида мешуданд.
Маҷмааи ёдгории мусолиҳаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 дар майдони Дӯстии Душанбе ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён ифтитоҳ шуда буданд.