ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Маруми Русия намехоҳанд дар бахши сохтмон кор кунанд ва ин боиси норасоии мутахассисон дар кишвар мешавад, менависад рӯзномаи Коммерсант дар истинод ба як назарсанҷие, ки Ассотсиатсияи миллии ширкатҳои инфрасохторӣ ва Sherpa Group гузарондааст.
Ҳоло дар дар ин бахш кариб 25 дарсад коргар аз шумораи зарурии коргарон намерасанд, ки дар давоми 5 соли охир ин ҳолат мушоҳида шуда набуд.
Махсусан, муҳандисҳои ихтисоснок намерасанд. Аз ин ру, дар назар дошта шудааст, ки дар давоми як соли охир шумораи ҷойҳои холии корӣ дар соҳаи сохтмон 46 дарсад зиёд шудааст.
Норасоии кадрҳо дар замоне сурат гирифтааст, ки афзоиши ҳаҷми сохтмон дар доираи лоиҳаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Новобаста аз ин, вазъ танҳо дар шаш моҳи оянда бадтар хоҳад шуд, чунки аксарияти коргарон дар бозор – 90 дарсади пурсидагон буданд.
Қайд карда мешавад, ки соҳаи сохтмон дубора ба мушкили шадид рӯ ба рӯ шудааст, чун пас аз пандемия натавонист мушкили норасоии кадрҳоро аз байн барад.
Вазъ пас аз эълони басиҷи нисбӣ дар кишвар, кӯчонидани бархе аз мутахассисон ба хориҷи кишвар ва ҳамчунин ба ватан баргаштани муҳоҷирони корӣ, ки дар онҷо низ талабот ба қувваи корӣ меафзояд, бадтар шудааст.
Масалан, бархе ширкатҳои русӣ лоиҳаҳои сармоягузориро ба кишварҳои ИДМ интиқол додаанд, ки боиси афзоиши талабот ба муҳандисон ва коргарон дар ин ҷумҳуриҳо шудааст.
Муовини раиси Кумитаи сохтмон ва манзили Думаи давлатӣ Владимир Кошелев интизор дорад, ки бо ҷалби муҳоҷирон ва омода кардани кадрҳои дохилӣ онҳо камбуди мутахассисон ва коргаронро ҳанӯз метавонанд бартараф кунанд.
Аммо дар ояндаи наздик норасоии мутахассисони баландихтисос дар бахши сохтмон аз байн бурда намешавад.