ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 23,2 млрд сомонӣ сарф карда шуд.
Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар маҷмуъ даромади буҷаи давлат дар нуҳмоҳа 24,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16,7 млрд сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 млрд сомонӣ ба бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,1 млрд сомонӣ ва маориф - 4,4 млрд сомонӣ рост меояд.
Бахши тандурустии Тоҷикистон дар нуҳмоҳа 1,8 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 2,9 млрд, хоҷагии манзилию коммуналӣ - 1,3 миллиард, фарҳанг ва варзиш - 750 млн сомонӣ гирифтаанд.
Барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 4,3 млрд, кишоварзӣ - 679 млн, сохтмон ва саноат - 187,7 млн равона шудааст.
Бахши нақлиёт ва коммуникатсия дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон 1,6 млрд сомонӣ гирифтааст.
Пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ аз бахшҳои аслии хароҷоти буҷаи давлатӣ арзёбӣ шудааст, ки бо ин ҳадаф 5,1 млрд сомонӣ ё 22%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ равона гардидаст.