ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймунин Ятимов вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.
"То андозае субот дар Афғонистон аз он вобаста аст, ки толибон то чӣ андоза ба зудӣ бо қишрҳо ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон тавофуқ кунанд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ин ба ширкати фаъолтари ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли вазъияти давлат низ таъсир мерасонад.
Ҳамзамон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон масоили шарикии стратегии ду давлат, таъмини амният, Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус баррасӣ намуданд.
Инчунин тарафҳо бар масъалаи мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо, муқовимат бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ изҳори назар карданд.