Бонки марказии Русия аз шеваи нави кори қаллобони телефонӣ ҳушдор дод

Аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки ҳеч гоҳ рақами корти худро махсусан калидвожаи вожаи серақамаи пушти корти бонкиро пешниҳод накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Қаллобон аз номи кормандони пулис ба шаҳрвандон занг зада, қасди ба даст овардани маълумоти корти бонкияшонро доранд, ҳушдор дод Бонки марказии Русия.
Ба иттилои ин ниҳод, афроди қаллоб аз номи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош мекунанд, аз қурбониёни эҳтимолӣ тафсилоти корти пардохтияшонро гиранд, то пулашонро бидузданд.
"Аввалан, пулиси қалбакӣ ифшои оммавии маълумоти бонкӣ рух додаст ва ӯ бояд ин қазияро пайгирӣ намояду муайян созад, ки оё қурбонии эҳтимолӣ низ дар ин феҳраст ҳаст ё на ва баъдан маълумотро талаб мекунад", - иттилоъ дод Бонки марказӣ.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки на кормандони бонк ва на кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ гоҳ маълумоти корти бонкиро, аз қабили рақами он, рамзи серақамии пушти он ё калидвожаро аз паёмак талаб намекунанд. Танҳо қаллобон метавонанд, чунин маълумот дархост кунанд, афзуд Бонки марказӣ.
"Сбербанк" аз фиреби тоҷикистониён аз сӯи қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
Ин дар ҳолест, ки ахиран як пажуҳиши "Сбербанк" маълум кард, ки тоҷикистониён дар феҳрасти афроде қарор гирифтаанд, ки бештар ҳадафи қаллобон аз марказҳои тамос қарор гирифтаанд.
Таъкид гардидааст, ки зиёда аз 65%-и теъдоди умумии муштариёни "Сбербанк" мавриди сӯиқасди қаллобон қарор гирифтаанд.
"Дар як рӯз тақрибан 5 млн бор занг зада мешавад, аз ҷумла бо кумаки роботҳои виртуалӣ, ки қаллобон дар фаъолияти худ истифода мебаранд", - қайд карданд пажуҳишгарон.
Дар феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон нисбатан зиёд ҳадафи қаллобон қарор мегиранд, ҳамчунин Қазоқистон, Тоҷикистон ва Беларус зикр шуданд.
Дар зимн иттилоъ дода шудааст, ки то 90%-и тамоми чунин марказҳои тамос, ки бар зидди шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигари ИДМ кор мекунанд, дар Украина ҷой гирифтаанд. Боқимондаҳо дар худи Русия ва ИДМ ҷойгиранд, таъкид карданд муаллифон.