ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Исмоили Маҳмадзоир набераи президенти Тоҷикистон вазифаи нав гирифт.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр гардид, ки Маҳмадзоир зимни ҷаласаи ғайринавбатии Конференсияи ФҶТ, дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд, бо ҷонибдории ҳамаи иштирокчиён президенти нав интихоб шуд.
Ӯ дар ин симат Нурулло Лоиқовро иваз кард. Охирон бо хоҳиши худ ва дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер аз мансаб истеъфо дод ва пурра корашро тарк накард. Зеро ҳоло ӯ ҳамчун ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон кор мекунад.
Ҳамин тариқ Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб шуд.
Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 26 сол дошта, соли гузашта "Хайрхоҳи сол" интихоб шуд.
Зикр гардид, ки ӯ дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.
Илова бар ин, набераи президент дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлобро пайваста дастгирӣ намуда, клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф"-ро низ сарпарастӣ мекунад. Калонтарин бозори шаҳри Бохтар "Ҳоҷӣ Шариф" - ро марбут ба хонаводаи Соҳибовҳо медонанд.