ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, Петр Сегрт тавзеҳ дод, ки чӣ тавр рӯзҳои қабл аз бозӣ тими Русияро таҳти фишор қарор додааст.
"Шумо шояд пай бурда бошед, ки рӯзҳои охир ман Русияро дар ҳолати ногувор мегузоштам, зеро нақши фаворитро ба Русия додам ва бо ин корам ҳама фишорро болои рақиб гузоштам", - овардааст ФФТ аз қавли Сегрт.
Вай афзуд, ҳама аз онҳо пирӯзиро интизор буданд ва худаш ҳам онҳоро фаворити асосӣ гуфт.
"Аз ҷиҳати психологӣ мо бештар озод будем. Рӯзноманигорон пурсиданд, ки чаро дар бораи қавитар будани Русия ин қадар ҳарф мезанам? Рақобат аз дақиқаҳои аввал не, балки чанд рӯз пеш аз он оғоз мешавад, метавон як навъ бартарии маънавӣ эҷод сохт, ки ман кардам", - гуфт ӯ.
Сегрт дар арзёбии натиҷаи бозии дӯстона изҳор дошт, ки Русия дастаи тавоносту барои тими Тоҷикистон мусовӣ муодили пирӯзист. Вай афзуд, ҳамчунин тими Тоҷикистон метавонист, ғалаба ҳам кунад, аммо Русия ҳам лаҳзаҳои худро дошт
Ба гуфтаи сармураббӣ, пас аз нимаи аввал ба бозигаронаш гуфтаст, ғолиб наоед ҳам, набояд мағлуб шавед.
"Ин барои тамоми Тоҷикистон, барои ҳама хеле муҳим буд. Ташаккур ба бозигарон, ки тавонистанд. Пеш аз ҳама, ин заҳмати онҳост. Инчунин ба ҳамаи мухлисон барои дастгирии зиёд ташаккур мегӯям. Дастгирӣ дар варзишгоҳ фантастикӣ буд", - гуфт сармураббӣ.
Маврид ба зикр аст, ки шоми 17 ноябр тими Русия дар Душанбе бо Тоҷикистон бозӣ кард, ки бидуни гол бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар пеш мунтахаби Русияро боз як бозии дӯстонаи дигар интизор аст, ки 20 ноябр бо мунтахаби Ӯзбекистон вориди майдон мешавад.