ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар бораи харидории 100% саҳмияҳои бонки “Халиқ бонк Тоҷикистон” аз сӯйи Бонки байналмилалии Тоҷикистон, дафтари матбуоти “Халиқ бонк” хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон (LSE: HSBK; KASE: HSBK, HSBKd; AIX: HSBK, HSBK.Y) бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон созишнома дар бораи хариди 100 дарсади саҳмияҳои бонки “Халиқ бонк Тоҷикистон” ба тавофуқ расиданд.
ҶСП “Бонки Байналмилалии Тоҷикистон” тамоми санадҳои меъёрии заруриро гирифтааст. Интизор меравад, ки созишнома дар бораи харид дар моҳи декабри соли 2022 ба имзо расад.
Бонк ҳангоми анҷоми муомилот ва пас аз анҷоми тамоми расмиёти зарурӣ кор ва хизматрасониро ба муштариён идома дода, тибқи шартҳои шартномаҳои қаблан басташуда ҳама намуди хизматрасониҳои бонкиро пешкаш менамояд.
Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон яке аз бонкҳои бонуфузи Қазоқистон аст, ки дар бахшҳои гуногун, фаъолият мекунад. Ин бонк дар қаламрави Гурҷистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Бонки Байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои муваффақи Тоҷикистон буда, дорои филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии зиёд буда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасониҳои муосири бонкиро пешкаш менамояд.