ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Буҳрони феълии ҷаҳонӣ ихтилофоти мавҷудаи дохилии Афғонистонро боз ҳам ваҳимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад.
Ин нуктаро нашрияи ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" аз қавли мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Хайриддин Усмонзода нашр кардаст.
Ба гуфтаи ӯ, шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои Афғонистон метавонад пайомадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошад.
Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст, таъкид намудаст Усмонзода.
Вай аз ҷумла яке аз пешниҳодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт зикр намудаст, ки он ташкили "камарбанди амниятӣ" дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо Афғонистон аст.
"Зеро Афғонистон кишваре мебошад, ки бесуботӣ дар он ба тамоми давлатҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунад", - ҳушдор додаст раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Ин ҳушдор дар ҳолеянд, ки созмону марказҳои мухталиф аз таҷаммӯи ҷангиёни гуруҳҳои гуногуни террористӣ дар ин кишвар ҳушдор медиҳанд.
Аз ҷумла ба иттилои СММ имкони ба лонаи террористон табдил ёфтани Афғонистон мавҷуд аст, зеро ба ҷуз аз "Ал-Қоида"* ва ДИИШ*, ҳоло дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ арзи ҳастӣ кардаанд.
Дар ин феҳраст созмони террористӣ, аз қабили Таҳрики толибони Покистон*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ*, Хатиба Имом ал-Бухорӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, "Ҳизб-ут-таҳрир"*, "Ансоруллоҳ"* зикр шудаанд.
*-созмонҳои террористии мамнуъ