ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ҷудокорони тоҷики ҷоизадори мусобиқа дар Боку, Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев туҳфаҳо дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тило дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку - 2022 калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ дод.
Таъкид шудаст, ки хона дар пойтахт ҷойгир буда, бо тамоми шароити рӯзгор таъмин мебошад.
Муллораҷаб Халифаев, ки дар Боку ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқра даст ёфт, аз сӯи раиси Душанбе бо 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Дар маросими тақдими туҳфаҳо, раиси Душанбе ба варзишгарон барои омодагӣ ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба онҳо барору музаффарият таманно кард.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали вручил Муллораджабу Халифаеву 100 тысяч сомони
© Пресс-служба мэрии Душанбе
Вай афзудааст, ки ҷавонони муаррифгар ва номбардори ватани хеш ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлат қарор доранд.
Мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" аз 4 то 6 ноябр баргузор гардида, дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 12 ҷудокор намояндагӣ карданд, ки аз ин миён Раҳимов нишони тило ва Халифаев нуқра ба даст оварданд.
Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" рақиби ӯзбек - Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд. Ин аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Слам арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар "Baku Grand Slam 2022" соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд.