ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Темур Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" рақиби ӯзбек - Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", Раҳимов аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Сламро ба даст овард.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар "Baku Grand Slam 2022" соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буда, дар даври дуюм Серафим Компаниез аз Исроилро дар ҳолати "осаикоми" нигоҳ дошта, шикаст дод.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷудокори тоҷик бо Саба Инанейшвили аз Гурҷистон майдондорӣ карда, дар лаҳзаҳои охир тавонист вазарӣ кор кунаду роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор созад.
Дар даври нимниҳоӣ бо Мартти Пуумалайнени 25-сола аз Финландия зӯрозмоӣ намуда, бо имтиёзи иппон пирӯз шуд.
Дар даври ниҳоӣ Темур Раҳимов бо ҷудокори 23-солаӣ ӯзбек Алишер Юсупов барои ба даст овардани нишони заррини мусобиқа нерӯяшро санҷида, бо иппон бартарияташро собит намуд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 12 ҷудокор намояндагӣ карданд, ки аз ин миён дар баробари Раҳимов, Муллораҷаб Халифаев низ тавонист, дар вазни то 66 кило медали нуқраро ба даст орад.