ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Русия бо таҷовузи густурдаи иттилоотӣ сарукор дорад, изҳор дошт сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова.
Ӯ зимни ҳамоиши расонаии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" дар дафтари гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" гуфт, чунин ҳамлаҳои иттилоотӣ вақтҳои охир шиддат гирифтаанд.
"Ин таъсире нест, ин ҳамла, таҷовузи воқеӣ аст, ки аз як қатор ҷузъҳои таркибӣ иборат мебошад, ки ин ба ҳеч ваҷҳ танҳо фейку дурӯғпароканӣ нест", - гуфт Захарова.
Ба андешаи вай, "ғайридӯстон" пеш рафта, ба истифодаи иттилоот ва таъсири равонӣ гузаштанд.
Ӯ афзуд, ба истифодаи технологияҳои васлкунандаю гибридӣ гузаштаанд, ки технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва маълумоти шахсиро шомил мебошанд.
Захарова изҳор дошт, ки на танҳо сиёсатмадорон ва ходимони давлатӣ ба ин ҳамлаҳои иттилоотӣ дучор шуданд, балки акнун он вориди ҳар хона шудаст.
"Зангҳо аз саҳифаҳои мавҷуднабуда, ки ба хидматрасонии бонкӣ марбут дониста мешуданд, истифодаи маълумоти шахсӣ ҳангоми сӯҳбат ва шеваҳои қаллобӣ", - далел овард мақомдори ВУХ Русия.
Вай афзуд, ки ин ҳама, тавре ки ҳоло маълум мешавад, хеле пеш аз моҳи феврали соли 2022 аз қаламрави Украина ва ё бо истифода аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷа низ зиндагӣ мекарданд, анҷом дода мешуд.