ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Роҳбари нави "Алиф Бонк" Гуланор Атобек таъйин шуд, ки то ҳол бештар бо фаъолияти аудиторияш дар Тоҷикистон маъруф буд. Интизор меравад, ки акнун ӯ ба ҳайси раис аз аттестатсияи Бонки миллии Тоҷикистон гузарад.
Яке аз бунёдгузорони “Алиф Бонк”, Абдулло Қурбонов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Гуланор Атобек, аз мутахассисони варзидаи бонкӣ бо иттифоқи оро аз сӯи Шӯрои муассисон ба раҳбарии “Алиф Бонк” таъйин шуд.
“Дар рӯзҳои гузашта Гуланор Атобек минҳайси яке аз роҳбарони “Алиф Бонк” аз санҷиши тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон бо муваффақият гузаштанд. Он кас як сол ба ин сӯ ҳамкорӣ мекунанд ва яке аз беҳтарин мутахассисони соҳа ҳастанд", - изҳор дошт Қурбонов.
Вай дар тавсифи роҳбари нави "Алиф Бонк" афзуд, ки ӯ аз лиҳози инсонӣ бениҳоят хоксор ва арзишҳои баланди инсониву роҳбариро доро мебошад.
Гуланор Атобек дар гузашта роҳбарии намояндагии ташкилоти аудитории “Делойт” - ро ба ӯҳда дошт, ки яке аз “чаҳоргона” - и ширкатҳои бонуфузи аудиторӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва бо аудити ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон машғул буд.
“Алиф Бонк” соли 2014 ҳамчун ташкилоти қарзии хурди “Алиф” таъсис ёфта, соли 2020 ба як бонки тамомайёр тағйир кард ва ҳоло аз пешгомони роҳандозии фанновариҳои ҷадид дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар оғоз 3 корманд дошт ва ҳоло 800 корманд дар Тоҷикистону Ӯзбекистон дорад. Тибқи иттилои расмӣ, “Алиф Бонк” ҳудуди 60 млн сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад.