ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Клуби футболи "Равшан"-и Зафаробод чорумин дастаи футболи Суғд дар Лигаи олии Тоҷикистон аст, ки то кунун варзишгоҳ надорад,
Ягона варзишгоҳи марказии ин ноҳия солҳо ба ин тараф харобу валангор аст ва ба ҳамин далел оғози соли ҷорӣ ФФТ баргузории бозиҳои давриро дар ин майдон манъ карда буд.
Ин дар ҳолест, ки дастаи “Равшан” баъди талошҳои зиёд дар поёни соли гузашта барои шомил шудан ба Лигаи бартари футболи кишвар комёб гардида буд ва ҳоло ба ҳисоби “Хуҷанд”-у “Истаравшан” ва “Эсхата” чаҳорумин дастаи футболи Суғд дар лигаи олии футболи кишвар аст.
Ашӯрали Раҷаб, раиси ноҳияи Зафаробод ва ҳамчунин раиси Федератсияи футболи ин ноҳия ахиран мушкили ҷойдоштаро иқрор намуда гуфта буд, ки корҳои сохтмонии варзишгоҳи ҷадид барои 6 ҳазор тамошобин то поёни сол оғоз мегардад.
"Варзишгоҳ дар майдони 5 га пурра бо меъёрҳои мутобиқ ба футболи муосир азнавсозӣ мешавад”, - гуфта буд, раиси ноҳияи Зафаробод.
Аммо мухлисони дастаи “Равшан” мегуянд, то кунун варзишгоҳ ҳамонгуна харобу валангор боқӣ мондааст.
Бахтиёр Файзуллоев, яке аз мухлисони дастаи “Равшан” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки то имрӯз барои бозсозии варзишгоҳи марказии Зафаробод ҳеҷ гуна корҳои сохтмонӣ шурӯъ нашудааст.
“Варзишгоҳ дар ҳамон ҳолати қаблӣ қарор дорад, яъне харобу валангор аст”, - изҳор намуд, мавсуф.
Масъулони клуби футболи “Равшан” ҳам дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон зикр намуданд, ки барои азнавсозии варзишгоҳи марказии ноҳия ҳанӯз кор ҷараён надорад.
“Равшан” - майдондори бемайдон
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод, ки аз соли 1975 ба мерос мондаву ҳатто як қисми майдони бозӣ фурӯ рафтааст. Дар чунин шароит барпо шудани бозиро масъулони ФФТ иҷоза намедиҳанд.
Ба ин далел бозиҳои хонагии “Равшан”-и Зафаробод дар варзишгоҳҳои иҷора, аз ҷумла дар “Спартак”-и Хуҷанд баргузор мешаванд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, барои баргузории ҳар як бозӣ “Равшан”-и Зафаробод то 1000 сомонӣ пули иҷораи варзишгоҳ пардохт мекунад.
Аз оғози сол то ин вақт ҳамаи бозиҳои ин даста дар шароити варзишгоҳҳои иҷоравӣ дар Истаравшан ва Хуҷанд баргузор шудааст.
Қабл аз оғози бозиҳои Чемпионати фуболи Тоҷикистон нозирони ФФТ, ки меъёри ФИФА - ро тадбиқ менамоянд, ҳолати садамавии варзишгоҳи Зафарободро дида, вохӯриҳоро дар он манъ карда буданд. Зеро он на барои бозигарон шароит дораду на тамошобинон.
Ноҳияи Зафаробод аз шумори навоҳии субвенсонии Суғд шумурда мешавад, ки ҳаҷми даромади буҷааш хароҷоти ҷории онро пушонида наметавонад.
Мухлисону ҳаводорони футболи ин ноҳия мегуянд, умедворанд рӯзе баргузории футболро дар майдони марказии Зафаробод тамошо хоҳанд кард.