Афғонистон дар доми балои дигар: афзоиши даҳшатбори кишту истеҳсоли маводи мухаддир

Дар Афғонистон аз афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст. Чунин вазъ ваъдаи толибонро зери суол мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишту истеҳсоли афъюн дар ин кишвар ба маротиб афзудааст.
Ба гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон
Ин дар ҳолест, ки раҳбари толибон дар баҳори соли ҷорӣ кишти афъюнро мамнӯъ карда буданд. Онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки дар даврони ҳукуматаҳон ба ин самт таваҷҷуҳ карда, сатҳи кишту истеҳсоли онро коҳиш медиҳанд. Аммо оморҳо баръакси ваъдаҳо шуд.
Афғонистон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони афюн дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки ҳиссаи он тибқи баъзе гузоришҳо 80% аст. Дар ин кишвар тақрибан чаҳор миллион нафар муътоди маводди мухаддир буда, беш аз 500 ҳазор нафар ба тиҷорат, кишт ва қочоқи маводди мухаддир машғуланд.
Дар солҳои 1996 то 2021 низ, ки толибон дар ин кишвар қудрат доштанд, манбаи аслии даромади ҳукумати ташкилкардаи онҳо истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир буд.
Ҳарчанд дар он вақт онҳо Комиссияи олии мубориза бо маводи мухаддирро таъсис дода буданд, беш аз 96% кӯкнор дар Афғонистон дар ихтиёри ин гуруҳ тавлид мешуд.
Душанбе гуфт, террористҳо пулро аз куҷо меёбанд
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи таҳлилгарон ин гуруҳ дар замони ҳукумати кунунияш низ аз ин роҳ даст нахоҳад кашид, чун даромади асосияш аз ин манбаъ буду ҳаст.
Қаблан Хадамоти марзбонии Тоҷикистон низ аз афзоиши шумораи корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва афзоиши истеҳсоли ҳероин хабар дода буд.
Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар як конфронси байнулмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфта буд, ки то охири соли 2021 дар кишвар беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ин рақам 2,5 тонна буд.
Ба гуфтаи вай, марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели хатари дигар аз Афғонистон – террористон ба ҳимояти ҷаҳонӣ ниёз доранд.