Иштибоҳи дигари Байден боиси тамасхӯраш шуд

Президенти Амрико, ки бо аъмолу гуфтори пойдарҳавояш маъруф аст, бори дигар барои дониши ҷуғрофияи Иёлоти Муттаҳида мавриди масхара қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден барои зикри нодурусти шумори иёлот дар ин кишвар бори дигар ҳадафи ҳазлу интиқодҳо қарор гирифт.
Вай зимни суханронӣ дар Пенсилвания ба ҷои 50 иёлати воқеӣ дар ИМА "54 иёлот"-ро ёдовар шуд, хабар медиҳад "Fox News".
Ин ҳолат замоне ба миён омад, ки раҳбари Амрико аз муваффақияти ҳизбаш дар дифоъ аз Қонуни тандурустии дастрас, ки дар Иёлоти Муттаҳида бо номи "Obamacare" маъруф аст, тавсиф намуд.
"Мо дар 54 иёлот будем", - гуфт ӯ ва дар бораи он ки чӣ гуна демократҳо дар интихоботи миёндавраии соли 2018 аксарияти курсиҳои Конгрессро ба даст овардаанд, нақл кард.
Ин иддаои президент боиси тамасхураш аз сӯи мунаққидон сурат гирифт. Агар шумо "ҳолати инкор, ошуфтагӣ, гумроҳӣ ва фалокатҳоеро, ки режими Байден ба вуҷуд овардааст, ҳисоб кунед, он гоҳ вай дуруст ҳисоб кардаст", навиштааст, узви конгресс Лорен Боберт дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ҳаҷвнигори амрикоӣ Терренс Вилямс низ иштибоҳи Байденро ба масхара кашид.
"Байден гуфт, ки дар 54 иёлат буд. Исои масеҳ ба ҳамаи мо кумак куна", - навиштааст ӯ.
Байден дар суханони Путин хатар дид
Шояд Байден "81 миллион овоз"-и гирифтааш дар интихоботи президентии соли 2020-ро низ шарҳ диҳад, вокуниш нишон додааст ҳунарпеша ва коргардон Роб Шнайдер.
Инчунин қайди президенти собиқи ИМА ва раҳбари собиқи Байден Барак Обамаро ёд оварданд, ки боре "57 иёлот"-ро ҳисоб карда буд. "Вой, мо аз соли 2008 се штатро аз даст додем!" — шӯхӣ кард роҳбари портали сиёсии RealClearPolitics Том Беван.