Ширкатҳои сохтмонии Русия дар Тоҷикистон кор хоҳанд кард

Президенти Иттиҳодияи миллии бинокорони Русия бо ҳамкорони тоҷикаш масъалаи иштироку иҷрои тарҳҳои муштараки соҳаро баррасӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонии Русия ва Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳо дар ҳарду кишвар омодагӣ мегиранд, хабар дод намояндагии тиҷоратии ФР дар ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин бахш сафари кории президенти Иттиҳодияи миллии бинокорони Федератсияи Русия (НОСТРОЙ) Антон Глушков ба Тоҷикистон дар назар аст.
"Бо мақсади рушди тавофуқоти ҳосилшуда сафари президенти НОСТРОЙ Антон Глушков ба ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуд. Сафари корӣ дар даҳрӯзаи аввали моҳи ноябр дар назар аст", - гуфтанд дар намояндагии тиҷоратӣ.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки раҳбари НОСТРОЙ бо шарикон дар Душанбе созишҳоеро баррасӣ хоҳад кард, ки ширкат дар иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.
Қаблан Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон бо Иттиҳодияи сохтмончиёни Русия дар бораи ҳамкорй дар соҳаи сохтмон шартнома имзо карда буд.
Лоиҳаи "Хуҷанди нав": чӣ гуна маркази Суғд бозсозӣ мешавад
Тарафҳо дар бораи иштироки мутақобилаи ширкатҳои сохтмонии ду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳо дар қаламрави ҳар ду давлат, аз ҷумла сохтмони иншооти бисёрошёнаи истиқоматӣ ба мувофиқа расиданд.
Ин созишнома дар Қазон ба имзо расид ва намояндагии тиҷоратӣ ҳамчунин мушаххас кард, ки як тавофуқи дигар бо созмони худтанзимкунандаи "Анҷумани бинокорони Уляновск" дар бораи иштироки сармоягузорону ширкатҳои сохтмонии Русия дар иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон ба даст омадааст.